30 китоб туҳфаи нашриёти “Адиб” ба Китобхонаи миллӣ

Хазинаи Китобхонаи миллӣ бо 30 китоби интишороти “Адиб” ғанӣ гардид.

Имрӯз ннтишороти “Адиб” 10 номгӯ китобҳои ахиран чопкардаи худро тақдими Китобхонаи миллӣ намуд. Бино ба иттилои шуъбаи такмили адабиёт  нашриёти “Адиб “  китобҳо аз 10 номгӯй иборат буда, дар умум 30 донаро ташкил медиҳанд.
Акнун хонандагон имкон доранд бо ин китобҳо аз наздик ошно шаванд:

1. Абдулҳамид Самад: “Гардиши девбод” (қисми 2)
2. Фазлиддин Муҳаммадиев: “Дар он дунё
3. Убайди Зоконӣ: “Мунтахаби осор”
4. Бадриддин Ҳилолӣ: “Девон
5. Давлат Сафар “Субҳи садоқат”
6. Холмурод Шариф: “Чеҳраҳои нуронӣ”
7. Назар Халил: “Амвоҷи муҳаббат”
8. Ҳаёт Неъмат Самарқандӣ: “Фарҳанги вожаҳо ва ифодаҳои мардумӣ”
9. Оинаи ҷаҳоннамо  (Афсонаҳои халқи тоҷик)
10. Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.