Ширкаткунандагони Фестивали ҷумҳуриявии наврасон аз Китобхонаи миллӣ дидан карданд
Нашр шуд 2019-05-31 15:43
Ҳудудан 200 нафар иштирокчиёни Фестивали ҷумҳуриявии наврасон аз минтақаҳои гуногуни кишвар аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд. Ин афрод зодагони навоҳии гуногуни кишвар буданд, ки бори аввал вориди Китобхонаи миллӣ мешуданд.
Кормандони Китобхонаи миллӣ онҳоро ба гурӯҳҳо тақсим намуда, ба толорҳои хониш, толори электронӣ, толори дасхатҳои шарқ ва китобҳои нодир ва толори намоиши китобҳои даврони Истиқлолият шинос намуданд.
Ба бинандагони ҷавон бештар боздид аз толори Дастхатҳои Шарқ писанд омад. Нақл дар бораи дастнависҳо, таърихи онҳо, хаттотони номӣ, қадимитарин асарҳои чопи сангиву нусхаҳои қаламӣ барои бинандагон хеле мароқовар буд.
Бояд зикр кард, ки Фестивали ҷумҳуриявии наврасон таҳти унвони «Мо насли хушбахти замон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кўдакон бо мақсади таҳкими дўстӣ байни наврасони кишвар ва дар рўҳияи инсондўстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ-умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо роҳандозӣ шуда буд.
Бояд гуфт, ки Рўзи ҳифзи кўдакон ҷашни байналмилаллӣ мебошад, ки аз соли 1950 инҷониб таҷлил мегардад. Тоҷикистон чун узви ҳамин ҷомеаи байналмилалӣ ҳамасола ин рӯзро ҷашн мегирад.
Дар ин чорабиниҳо беҳтарин расмҳо ва аксҳои кўдакон ба тамошо гузошта мешаванд, консертҳои идона ташкил мегардад. Кўдак дар ҷомеаи мо тоифаи соҳибимтиёз аст ва ҳуқуқи муайяне дорад. Ҳукумати мо ғамхорӣ ба кўдакро вазифаи бисёр муҳим ва аввалиндараҷа медонад ва ҳама чизи беҳтарини мамлакат пеш аз ҳама ба кўдакон бахшида мешавад. Тарбияи хуб дар боғча, таълими ҳамаҷониба дар мактаб ва оила таъмин карда мешавад.
Сайёра КАРИМОВА, Сардори Шуъбаи
тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ.