Ҷаласаи тантанавӣ ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи тантанавии «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чун омили асосии ташаккули фарҳанги ҳуқуқии  ҷомеа» дар Китобхонаи миллӣ  бо иштироки  Эмомалӣ  Насриддинзода  Сайфиддин - раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  Муҳаммадҷон  Соҳибов  -  устоди факултаи ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  баргузор  гардад.

Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии  Тоҷикистон», профессор  Абдусалом Мирализода оғоз намуд.

Директори Китобхонаи миллӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро сифатан нав ва қабули он дар ҳаёти ҷумҳуриро воқеаи таърихӣ, сиёсӣ ва ҳуқуқӣ номид. Вай гуфт:  “Вобаста  ба  рушду  нумуи   давлати  соҳибистиқлоли  Тоҷикистон, беҳтар гардидани сатҳу сифати кору фаъолият, зиндагии мардум ва инкишофи ҷомеаи шаҳрвадӣ  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ  ба мисли Конститутсияи дигар давлатҳо як чанд давраи  тағийру  иловаҳоро  аз   сар  гузаронидааст. Ин тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан барои мустаҳкам намудани ақидаҳои давлати ҳуқуқбунёд, таҷзияи ҳокимият, волоияти худи меъёрҳои Конститутсия, қонунияти ҳуқуқӣ ва конститут­сионӣ, адолати судии конститутсионӣ ва назорати судии конститутсионӣ, дахлнопазир эълон шудани ҳуқуқҳои фитрии инсон ва ғайраҳо равона карда шудааст”.

Эмомалӣ  Насриддинзода  Сайфиддин - раиси Кумита оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони  Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар бораи таърихи қабули Конститутсияи ҶТ ва зарурати тағийру иловаҳо ба он, истилоҳоту мафҳумҳои дар Конститутсияи ҶТ омадаро  шарҳу тафсир кард.

Ҳамчунин дар ҷаласа Муҳаммадҷон  Соҳибов  -  устоди факултаи ҳуқуқшиносии  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  дар бораи ҳуқуқу озодиҳо ва  уҳдадориҳои шаҳрванд дар Конститутсияи ҶТ суханронӣ  намуд.

Дар поёни нишаст миёни меҳмонон ва ширкаткунандагон роҷеъ ба Конститутсияи кишвар табодули афкор сурат гирифт.