Раҳимқул Бобоев: Дўсти беҳтарини инсон ин китоб аст
Ангезаи ин мусоҳиба Ифтихорномаи Китобхонаи миллӣ ба Раҳимқул Бобоев чун беҳтарин хонанда буд, ки ахиран эъто гардид. Мавсуф аз ҷумлаи куҳансолтарин хонандагони Китобхонаи миллӣ аст, ки қариб ҳар рӯз дар толори Кормандони илм саргарми мутолиа ва пажӯҳиш аст. Моҳи январи соли равон ба синни мубораки 80 қадам ниҳод. Ва мухтасари тарҷумаи ҳолаш ин аст:
Соли 1938 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омад. Солҳои 1968-1973 дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллӣ) дар риштаи физика, ихтисоси физик, физик-ядро таҳсил намуд. Бо забонҳои русӣ, олмонӣ ва узбекӣ озод ҳарф мезанад. Мегӯяд тӯли умраш шояд бештар аз 1000 адад китобҳоро бо ҳар забон мутолиа карда бошад. Дар таҳияи китобҳои “Ҳалли масъалаҳо ва озмоишҳои физикии хонагӣ барои синфи 7” (соли 2018), “Ҳалли масъалаҳо аз электротехника” (2018), Корҳои амалӣ аз электротехника (синфҳои 3-4), Барномаи таълимӣ аз фанни “Электротехника ва электроника” (барои омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ ва коллеҷу лисейҳои техникӣ) (2016) саҳм гузоштааст.
Дар нашрияҳои кишвар бештар аз 30 мақола аз фанҳои дақиқ чоп кардааст. Ширкаткунандаи чандин семинарҳо ва конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалист.
Инак, сӯҳбати ҳамокрамон Моҳираи Раҷаб.
- Чандсол шуд бо китобхона ҳамкорӣ доред?
- Аз он ки шавки зиёди китобхонӣ доштам ҳар замоне, ки хоҳиши мутолеа кардани китоб дар ман пайдо мешуд, рў ба суи китобхона меовардам. Агар хато накунам аз соли 1962 инҷониб бо китобхонаҳо ҳамкорӣ дорам. Шавқи ман бештар ба мутолеа кардани китобҳои техникӣ буд. Инчунин вақтҳои мактабхонӣ , солҳои 1955 – 1956, ки синфи 8 таҳсил мекардам, ба навиштани мақолаҳо оиди энергетика машғул будам, ки дар газетаҳои ҳамонвақта чоп мешуд.
- Аввалин китобхона ва шароити он?
- Аввалин китобхонае, ки ман барои хондани китоб рафтам, албатта баъди китобхонаи мактаби зодгоҳам, ин Китобхонаи миллии ҷумҳуриявӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ буд ва шароиташ дар ҳамон давраҳо бад набуд. Ба қадри имкон китобхое, ки мехостем барои хондан ба даст орем, кам набуданд. Ба ҳар ҳол қаноатманд мешудем аз хизматрасонии кормандон ва кофта дарёфт кардани рақами китобҳо. Он вақтхо барои хондани китоб мо навбат мепоидем. Ҳоло шароит хело хуб аст ва метавон гуфт, ки дар сатҳи олӣ.
- Аввалин асари илмиатонро дар кадом шароит навиштед?
- Ман бисёртар оиди энергетика мақолаҳо дар рӯзномаҳо навиштаам ва бисёри мақолаҳоям дар нашрияи “Омўзгор” чоп шуда аст. Аввалин мақолаи навиштаам дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ солҳои 1992 - 1997 буд. Бисёри мақолаҳоям дар газетаи “Минбари халқ” чоп шудаанд ва ҳамаи онҳо дар ҳамин соҳаи энергетика буд. Бояд энергетикаи Тоҷикистон тараққӣ кунад, зеро беш аз 50 фоизи иқтисодиёти мо вобаста ба энергетика аст. Дар кишвари офтобрӯяи мо зиёда аз 20 намуди энергетика мавҷуд аст: гидроэнергетика, би энергетика, энергетикаи ҳастаӣ, термоядерӣ, бодӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки аз хама муносибтараш барои гидроэнергетика ва биоэнергетика, яьне энергияи офтоб мебошад. Тоҷикистон, ки мамлакати офтобрўя ва кўҳсор аст мо бояд аз кўҳҳо истифода намуда, бештар аз биоэнергетика, яьне энергияи офтоб истифода барем.
- Китобхонаи миллӣ, ки имрўз бештари вақтатонро мегузаронед, чӣ фарқият аз китобхонаҳои пешин дорад?
- Китохонаи миллӣ Тоҷикистон аз китобхонаҳои пешин аз бисёр ҷиҳат фарқ мекунад. Масалан он вақтҳо махсус толор барои кормандони илми набуд, имрўз бошад шахсоне, ки рисолаҳои илмӣ менависанд, метавонанд бароҳат чӣ аз фонди ин шуьба чӣ аз кампютер, ки китобҳои электронӣ доранд, бе ягон камбудӣ истифода баранд. Инчунин дар Китобхонаи имрўзаи миллӣ 25 то толори хониш бо тамоми шароит ба хонандагон пешниҳод шудааст ва ҷиҳати осон ба даст овардани китобро дар толори феҳристнигорӣ, феҳристи электрониро ба роҳ мондаанд, ки вақти зиёди хонандаро барои кофта ёфтани китоб намегирад. Он фактҳое,ки мо аз Китобхонаи миллии ҷумҳуриявӣ ба номи Абулқосим Фирдавсӣ истифода менамудем, қариб 70 фоизи вақтро мо дар кофта ёфтани рақами китоб мегузарондем боз навбат мепоидем ва хуллас вақти зиёди худро барои дастрас намудани китоб мегузарондем.
Китобхонаи миллӣ инчунин фарҳанги баланди хизматрасонӣ дорад. Ман минатдории худро ба Сарвари давлат, мӯҳтарам Пешвои миллат мерасонам, ки барои фарзандони милати худ чунин як бинои пурҳашамат ва кони ганҷро туҳфа намудааст.
Асоси фаьолияти зиндагии одам ин китоб аст, китоб набошад илм нест, китоб набошад ҳаёт нест, китоб набошад мо дунёро дарк карда наметавонем, китоб набошад пешравӣ нест. Китоб хонда олим мешавед, китоб хонда одамони намоёну бузург мешавед, китоб ин дўсти беҳтарини инсон аст. Дар китобхонаи миллӣ шароити бениҳоят хубро чӣ дар фасли тобистон чӣ дар фасли зимистон фароҳам овардаанд, ки нисбат ба китобхонаҳои пештар беҳтар аст. Ман минатдории худро ба роҳбари Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон баён мекунам, ки бисёр ғамхоранд, ғамхори миллатӣ худ ҳастанд, чунин шахсон дар дунё ангуштшуморанд.
- Завқи китобхонии ҳамзамонони шумо ва имрўзиён чӣ тафовут мебошад?
- Ман ин ҷо ҳамсолони худро хеле кам мебинам. Гумон мекунам аз он ки зиқ шуда дар хона нишастан ба китобхона оянду китоб хонанд, хубтар аст. Шахсан ман қариб ҳар рӯз меоям, коре ҳам надошта бошам, манзурам чизе навиштанӣ ҳам набошам, ҳаддиақал китоб мехонам. Ва намедонам рӯзам чӣ хел шаб мешавад. ам надошта бошам, манзурам чизе навиштанӣ ҳам набошам, ҳаддиақал китоб мехонам. Китобхона ин манбаи ҳаёт макони илм аст хуб мешуд, ки шахсони ҳамсинусоли ман омада китоб хонанд то ба ҷавонони имрўза намуна шаванд, фарзандону набераҳои худро бо худ оранд, роҳи китобхонаро нишон диҳанд. Кӯдакону ҷавонон вақте, ки мебинанд як муйсафед китоб хонда истодааст, чаро ки ман нахонам гуфта хамнчунин шавқу ҳаваси онҳо нисбати китобхонӣ зиёд мешавад.
Аммо мутаассифона, имрӯз ҳарчанд толорҳои хониш пур аз китобхононанд, вале аксари онҳо донишҷӯён мебошанд, ки барои омода шудан ба дарсҳо меоянд. Ин ҳам хуб агар донишҷӯ ба китобхона ояд ва дарс хонад. Вале садҳо ҷавонону наврасони бекорро мебинем, ки вақташонро беҳуда дар кӯчаҳо мегузаронанд. Онҳо бояд ҷалб шаванд ва гумон мекнуам аз дискотекаву саргарм шудан ба бозиҳои компутерӣ инсон ба китоб одат кунад манфиаташ ба худи ӯ ва ҷомеа бештар мешавда. Китоб ин фарҳанг аст ва шахси бофарҳанг ин ҷомеаро обод мекунад.
- Ҳозир саргарми кадом кор ҳастед?
- Айни замон ман ба навиштани китоб машғулам. Китоб дар мавзўьи электротехника барои колеҷҳо мебошад. Дар ин бора ман чанд китоб чоп кардаам ва ба ин кор идома медиҳам.
- Дар бораи фарзандон чӣ гуфтание доред?
- Ман 5 то фарзанд дорам мехостам, ки фарзандонамро аз хурдӣ ба касбу кор бештар ҷалб намоям, зеро касб ин беҳтарин ганҷина аст, ки касе онро аз шумо гирифта наметавонад. Барои ҳамин ман аввал фарзандонамро ба омўзишгоҳи техникӣ ва баъд ба донишгоҳҳо равона намудам. Ҳоло ҳама фарзандонам соҳибмаълумот ва кормандони обрӯманданд.
- Албатта, гумон мекунем фарзандони касе, ки бо китобу китобхона пайвандии амиқ дорад, низ китобхонанд?
- Оре, фарзандони ман завки баланди китохонӣ доранд, аммо наберагонам завқашон зиёдтар аст. Онҳо завқи баланди омӯзиши илм доранд ва аз хурдӣ дар олимпиадаҳои мактабҳо ширкат кардаву ҷойҳои намоёнро ишғол мекунанд. Вале дар ҳамин иртибот гуфтаниам ки ҳар шахс бояд ба худ дўсти хубро интихоб кунад. Дӯст аст, ки таъсираш ба дӯст мерасад. Агар фарзанди шумо рафиқи боодобу бо тамкину китобдўст дошта бошад, яқин донед, ки фарзанди шумо низ аз вай ибрат гирифта, бо роҳи дўсташ меравад, агар дўсти хуб надошта бошад беҳтараш уро аз чунин рафиқи бад дур кунед. Тавре мегўянд “Бо моҳ шинӣ моҳ шав, бо дег шинӣ сиёҳ шавӣ”. Волидон ҳатто дар интихоби дӯст ба фарзандонашон кумак кунанд. .
- Кадом вақтҳо бештар китоб мехонед?
- Ман бештари вақт субҳгоҳон ба мутолеаи китоб машғул мешавам. Субҳи содиқ худ ба кас таьби болида мебахшад, бо як нерӯи тоза саҳаргоҳон ба мутолеаи китоб машғул мешавам ва мудати 3 соат мехонам. Баъдан ба сайругашт мебароям, чун гаштугузор дар табиатро басо дӯст медорам. Ва баъд китобхона меоям ва ба корҳои илмиам идома медиҳам.
- Тавсияҳои шумо ба ҷавонон?
- Тавсияҳои ман ба ҷавонон ҳамин аст, ки китобро мисли падару модарашон дўст доранд аз китобу китобхона дур нашаванд. Шахси китобдўст шахси комил аст, ояндаи вай дурахшон аст. Шахсе, ки китобро дўст дошт, Ватанашро низ дўст медорад. Мехоҳам, ки ҷавонони мо аз китобхонӣ дур нашаванд, дўсти беҳтарини инсон ин китоб аст, бе китоб зиндагӣ маъно надорад. Хонанд, то ки оянда шахсони сазовор бошанд. Ин миллат ва ин Ватан ба шахсони бофарҳангу боилм ва донишманд ниёз дорад.
Мусоҳиб: Моҳираи Раҷаб.