Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо 319 адад китоби тиббӣ ғанӣ шуд

Китобхонаи миллӣ 319 адад китоби тиббиро аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба маблағи 29 ҳазору 505 сомонӣ харидорӣ кард. Ин китобҳо ҳоло барои истифода дар толори тиб ва табатшиносии Китобхона гузошта шудаанд.
Китобҳо бо ду забон: тоҷикӣ ва русианд. Аз ҷумла китобҳои  “Атлас анатомия человека” (иборат аз 4 ҷилд), “Биохимия”, “Лечение болезней внутренных органов” А.Н. Окороков, китобҳои педиатрия (касалиҳои кўдакона), гинекология (касалиҳои занона), кардиология (касалиҳои дил), урология (касалиҳои гурда) ва ғайраҳо мебошанд.
Маврид ба ёдоварист, ки донишҷўёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ҳузури бештар дар толорҳои хониши Китобхонаи миллӣ доранд. Чунончӣ, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1051 нафар донишҷўёни Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба узвияти Китобхона пазируфта шудаанд, ки нисбат ба муҳассилини донишгоҳҳои дигар бештар аст.
Азбски аксари китобҳои мавриди истифодаи ин соҳа солҳои пеш чоп шуда буданд, роҳбарияти Китобхонаи миллӣ зарур донист барои ғанӣ кардани бойгонӣ ва ворид сохтани китобҳои ба тозагӣ чопшудаи тиббӣ тасмим бигирад.    
Гуфтанист, ки толори тиб ва табиатшиносии шуъбаи хизматрасонӣ ба муштариён зарфи шаш моҳи охир ба 13849 хонанда хизмат расонидааст, ки назар ба 6- моҳи соли гузашта 3478 нафар зиёд мебошад.

Фарзонаи МИРЗО