Ганҷҳои озмун. Дилафзун Раҳмонова, омӯзгори 23-солаи панҷрӯдӣ. Номинатсияи адабиёти классикӣ.
Нашр шуд 2020-12-08 15:04
Аз хурдӣ рағбати беандоза ба адабиёт дошт. Ба ҳадде, ки хост омӯзгори риштаи забон ва адабиёт бошад. Чун самимона хост, ба орзуяш расид. Аммо шояд гумон намекард соле мерасад, ки озмуне дар чунин сатҳи олӣ баргузор мегардад ва ӯ то ба Душанбе меояд. Имрӯз вай 13-умин ширкаткунанда дар номинатсияи "Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик” буд.
23 сол дорад, 1 январи соли 1996 зодаи деҳаи Панҷрӯд, ноҳияи Панҷекат дида ба олам кушодааст. Падараш кишоварз аст. Хеле бармаҳал аз навозишҳои модар маҳрум шудааст ва дар тарбияи амакаш Маҳмаднабӣ ва янгааш Бибирухсат ба воя расидааст. Ҳоло ӯ сеюмин сол аст, ки дар мактаби таҳсилоти умумии рақами 53 деҳаи Маргедар омӯзгор аст. Аз амаку янгаи меҳрубонаш сипосгузор аст, ки ба меҳр парварданд ва ба зинаҳои камол расонданд.
Мегӯяд 270 ғазал, 230 рубоӣ ва дубайтӣ, 2500 байт достон, 1200 байт навъҳои дигари шеърӣ азёд медонад. Ҳамчунин мегӯяд китобхониро беҳтарин шуғли худ медонад, бахусус ба адабиёти классикии тоҷик меҳру муҳаббати бепоён дорад.
Аз орзуҳяш пурсидем. Гуфт: “Шуғли дӯстоштаам мутолиаи китобҳои бадеӣ ва азбар намудани шеърҳои классики форсу тоҷик аст. Дар оянда мехоҳам, барои толибилмонам намуна бошам. Мехоҳам ҳамин муҳаббат ба китобро дар қалби шогирдонам ҷо кунам. Мехоҳам аз шогирдони хубу донишманд ифтихор намоям. Ва азбаски ман зодаи зодгоҳи Рудакӣ ҳастам, мехоҳам бо ин номи пуршараф на танҳо ифтихор кунам, балки яке аз муваффақтаринҳо дар пешаи худ бошам”.
Комёбиҳо ёраш!
Фарзонаи Мирзо