Бистусе ҳазору ҳафтсаду ҳаждаҳ китоби тозавориди Китобонаи миллӣ зарфи 9 моҳи гузашта

Зарфи нуҳ моҳи соли 2018 23 ҳазору 718  нусха адабиёт ба  маблағи  умумии  298 ҳазору 647,54  сомонӣ ба Китобхонаи миллӣ ворид шудааст ва захрираи умуми китобхохна бо  23146 нусха китоби нав ғанӣ гардид. Аз ҷумла,  китобҳо  – 21 ҳазору 844 нусха, маҷаллаҳо – 638 нусха, нашрияҳои давомноки илмӣ - 95, авторефератҳо-100, диссертатсияҳо – 170, харитаҳо-8, нотаҳо-235, секограммаҳо-37 нусха, СD ва DVD - 19 дона.  Ба захираи мубодилавии эҳтиётӣ –573  нусха китоб ба маблағи умумии – 10096,68   сомонӣ ворид гардид.

Дар ин бора дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ сухан арфт, ки субҳи дирӯз баргузор шуд. Дар ҷаласа гуфта шуд, ки Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» барои дар амал татбиқ намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ», дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тибқи Оиннома ва Нақшаи солона фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Самтҳои асосии фаъолияти Китобхонаи миллӣ аз қонеъ намудани талабу дархости хонандагон бо маводи чопиву электронӣ, такмили фонди китобӣ, ташкил ва баргузории чорабиниҳои муҳимми илмӣ, фарҳангиву маърифатӣ, феҳристнигории анъанавию  электронӣ, омодасозиву интишори осори илмӣ ва дастурҳои методиву библиографӣ иборат мебошад.

Муддати нӯҳ моҳи сипаришуда кормандони шуъбаи такмили адабиёт 2 ҳазору 545 нусха (1200 номгўй) китобҳои ҳатмӣ ва 405 нусха (245 номгўй) нашрияҳои гуногунро қабул ва сабти ном карданд. Ба шумораи мазкури китобҳо барга навишта шуда, сипас ба шуъбаҳои дахлдор ирсол карда шуд. Баргаҳои  аз рўйи таснифоти сол, алифбо ва ҷои нашр ба танзим дароварда шуда, ба феҳристи фармоишии шуъба захира карда шуданд.

3904  адад  рўзномаҳои обунавӣ ва ҳатмӣ (ҳатмӣ - 1788, обунавӣ - 2116) ба қайд гирифта шуданд. Илова бар ин 588 лифофа ворид шуд. 123 адад маҷаллаи нусхаи ҳатмӣ, 237 адад маҷаллаҳои обунавӣ ва 29 нусха китобҳои обунавӣ аз сарчашмаҳои гуногун  муҳр  зада дар феҳристи шуъба ба қайд гирифта шуд. Ба 21844 нусха адабиёти коркардшуда рамзбандии вижавӣ (штрихкод) часпонида шуд.