Ганҷҳои озмун: Сабура Шералиева – хурдсолтарин ширкаткунандаи озмун
Нашр шуд 2020-12-08 13:27
Ӯ шояд хурдсолтарин ширкаткунандаи озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бошад, ки аз ноҳияи Ашти вилояти Суғд ба умеди пирӯзӣ дар даври ниҳоӣ вориди Душанбе шудааст. Сабура хонандаи синфи 3-уми муассисаи таҳсилоти умумии 61 ноҳияи Ашти вилояти Суғд аст. Дар озмуни вилоятӣ бо дарёфти 90 хол дар номинатсияи "Азёд кардану хондани ашъори бачагона ва афсонаву ривоятҳои халқи тоҷик" ба даври ниҳоӣ роҳхат гирифтааст.
Сабура ба синну соли ҷавонаш нигоҳ накарда, хеле боҷасорат назди ширкаткунандагону ҳайати ҳакамон баромад кард. Вай мегӯяд 4500 мисраъ шеър аз Озод Аминзода, Наримон Бақозода, Убайд Раҷаб, Абдумалик Баҳорӣ, Нӯъмон Розиқ, Абдулло Қодирӣ,70 афсона, 85 ҳикояву қисса азёд медонад.
Сабура ба Душанбе ҳамроҳи падараш Шералӣ Ғолиб ва муаллимаи забон ва адабиёти мактаб Фирӯза Мираҳмедова, ки устоди ӯ мебошад, омадааст.
Модари Сабура муаллимаи синфҳои ибтидоӣ дар мактаби ёдшуда буда, падараш муаллими забони инглисист.
Раҳима Аъзам