Баргузории ҷаласаи умумии 24-умини аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) дар низоми онлайн

25 ноябри соли 2020 дар реҷаи алоқаи видеоӣ дар платформаи ZOOM Ҷаласаи умумии 24-умини аъзои Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) баргузор гардид. Ҷаласаро директори генералии Китобхонаи давлатии Русия В.В. Дуда ва президенти (БАЕ) А.И. Вислый ифтитоҳ намуданд. Аз номи Кумитаи иҷроияи ИДМ ва Фонди байнидавлатии ҳамкории башардўстонаи ИДМ иштирокчиёни ҷаласаро дуруди шодбошӣ гуфтанд. Сипас, ҳисоботи директори генералии БАЕ М.В Нерюева шунида шуд ва ҳаҷми ҳаққи узвият ба созмон тасдиқ гардид.

Дар кори ҷаласа роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ширкат варзида, дар баррасии мавзўъҳо фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Масъалаҳои зерин дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуданд:

- таҳияи тавсияҳои моделӣ ҷиҳати муайян намудани усулҳои ягона оид ба масъалаи нусхаи ҳатмии нашри чопӣ ва электронӣ;

- фаъолияти муштараки китобхонаҳои аъзои БАЕ дар таҳқиқи амалии лоиҳаҳо дар доираи ҷашни 75-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945;

- иштироки мутахассисони кишварҳои ИДМ дар Конгресси 37-уми умумиҷаҳонии Шўрои байналмилалии китоби кўдакона.

Инчунин интихоби президент ва ноиби президенти БАЕ барои солҳои 2020-2024 баргузор гардид ва замону макону баргузории Ҷаласаи умумии 25-умини Ассамблеяи китобхонаҳои Авруосиё (БАЕ) муайян карда шуд.

Дар охир ширкаткунандагони ҷаласа аксҳои хотиравӣ бардоштанд.