Назокат Олимзода бо хонандагонаш дар Китобхонаи миллӣ мулоқот кард
Нашр шуд 2016-04-27 14:00
Шоираи тоҷик Назокат Олмизода бо хонандагонаш аз мактаби рақами 8 шаҳри Душанбе дар толори кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон мулоқот кард.
Ин вохӯрӣ бо ташаббуси Шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ баргузор шуд.
Дар ин дидор Назокат Олимзода аз ҳаёту фаъолияти эҷодии худ ба хонандагон нақл кард, дар бораи аввалин шеърҳо ва китобҳояш қиссаҳои шуниданӣ ҳикоят намуд. Ҳамчунин аз шеърҳои наву ашъори пешинаш намунаҳо хонд.
Дар ин мулоқот ҳамчунин ширкаткунандагон, аз ҷумлаи хонандагони боистеъдоди мактаби ёдшуда шеърҳои худро дар назди шоира қироат карданд. Ва бо омӯзгори фанни мусиқии мактаб Головчанский Николай Яковлевич дар васфи Тоҷикистон ва пойтахти азизашон шаҳри Душанбе суруд хонданд.
Дар вохўрӣ зиёда аз 65 нафар хонандагону омўзгорон иштирок карданд. Дар ҷалби хонандагон ба мулоқоти адиб ҷонишини директори мактаб Дилором Оқилова ва омўзгор Сифати Ҷурақул саҳм гузоштанд.
Дар анҷоми вохўрии мазкур аз тарафи роҳбарияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба адиб Назокат Олимзода китобҳои тозанашр тўҳфа гардид.
Маврид ба зикр аст, ки қабл аз ин вохӯрӣ хонандагони Мактаби таҳсилоти миёнаи № 8-и шаҳри Душанбе аз толорҳои хониши Китобхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуда, бо шароит ва қоидаҳои истифодабарӣ аз Китобхона шинос шуданд.