Ҳадяи Рамазонии Китобхона ба камбизоатон ва маъюбон

Нимаи якуми рўзи 24-уми июн дар арафаи Иди мубораки Рамазон маъмурияти Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иттифоќи касаба ва  Шурои занони Китобхонаи миллӣ ба Муассисаи давлатии хонаи кӯдакони № 1-и махсусгардонидашудаи Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе 2 адад тахтаи синф бо таҷҳизоташ ва китобҳои рангаи бачагона хадя  намуд.

Баъд аз зуҳри ҳамин рӯз бошад ба 15 оилаи камбизоат ва маъюбони маҳаллаҳои Маҳмадулло Холов ва Телмани ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маводи ғизоӣ тақдим карда шуд.

Дар назар аст, рузҳои наздик Китобхона ба мактаби махсуси љумҳуриявии шаҳри Душанбе ба 35 нафар кӯдакони аз синни 9-16 сола либосҳои тобистона ҳадя намоянд.

Иқдоми Китобхонаи миллӣ дар ҳолест, ки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба хайру садақа ба бенавоёну маъюбон таъкид мекунад. Аз ҷумла, дар охирин суханронии худ, Сарвари давлат гуфт:  “Моҳи Рамазон рамзи ҳамдигарфаҳмии аҳли ҷомеа буда, дар масири садсолаҳо дар амри тақвияти эҳсоси дӯстиву бародарӣ, эҳтирому самимият ва ҳамбастагиву ҳамраъйӣ дар байни мардум нақши арзишманд бозидааст.Ин моҳ ва иди саиди он одамонро ба иҷрои корҳои хайру савоб, риояи одобу ахлоқи ҳамида ва дароз кардани дасти кумаку ёрмандӣ ба якдигар роҳнамоӣ месозад”.

Фарзонаи МИРЗО