Чун одати ҳамешагӣ шанбеи гузашта низ дар Китобхонаи миллӣ рӯзи покиву низофат буд. Аз сари субҳ кормандон ба коргоҳ ҳозир шуданд, то дар ободониву гулкории он саҳм гиранд.
Онҳо бехи гулҳову дарахтонро аз баргҳои рехтаву хазоншуда, хасрӯбаҳо, алафҳои бегона тоза карданд. Атрофи гулҳои зеборо, ки зарфи ин як ҳафта алафҳои наврустаи бегона иҳота карда буданд, зарур омад он алафҳо барканда шаванд, то ба нумӯи гулҳои офтобиву нуронӣ халал нарасонанд.
Рӯзҳои поккорӣ то ҷашни Истиқлолияти давтатӣ ва баъди он ҳам идома хоҳанд кард.
Ҳар рӯзи низофат ба ҳусни бино ва саҳни он ҳусни дигар зам мекунад.