Ободонии рӯзҳои якшанбе ва душанбе дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2017-05-30 12:39
Рӯзи якшанбеи гузашта рӯзи дигари кор дар ҳотаи Китобхонаи миллӣ буд. Кормандон ин рӯзро ба нармкунии бехи гулу буттаву дарахтон ва обёрии сабзазори он сарф карданд.
Ҷӯйбори бар асари бодҳои парешон аз хасрӯбаҳо пуршударо тоза карданд ва ба он қисмат аз заминҳо, ки об ба мушкил меравад, бо сатилҳо об кашиданд ва гулҳоро обёрӣ карданд.
Рӯзи душанбе бошад рӯзи низофат буд. Дар ин рӯз чун анъанаи ҳар моҳ кори низофат дар дохили утоқҳои корӣ, толорҳои хониш ва маҳфузгоҳҳоро анҷом доданд.
Биноро аз чангу ғубор пок намуданд ва ба хотири риояи беҳдошт ба ҳамаи утоқҳои кориву толорҳои хониш ва маҳфузгоҳҳо дору заданд, то аз руҷуъи ҳашароти зараррасон ҷилавгирӣ шавад.