Гулшинонии аввалбаҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-03-01 16:58
Гулҳо чун паррандаҳо қосидони баҳоранд. Шукуфтани гулҳо ва хониши мурғакон ово медиҳад, ки баҳор фаро мерасад ва ин фасли сабзи сол бо ҳамин гулу сабзааш зебост.
Имрӯз аз субҳи барвақт як гурӯҳ кормандони Китобхонаи миллӣ аз ҷумлаи бонувон ба корҳои тозагиву ободонӣ пардохтанд ва дар саҳни Китобхонаи миллӣ гулҳои баҳорӣ шинонданд.
Баҳор фаро мерасад, аллакай табиати атроф ҷомаи сабз ба бар кардаву қосидони ин фасли зебои сол – мурғакони хушнаво ба сурудан ҳам оғоз кардаанд.
Деҳқонон бо истифода аз ҳавои мусоид ба киштизироатҳо оғоз кардаанд, маъракаи ниҳолшинонӣ, ки ҳанӯз аз зимистон оғоз шуда буд, ҳамоно идома дорад.
Китобхонаи миллӣ имсол дар ниҳолшинонӣ пешгом буд ва ҳудудан 600 адрахти ҳамешасабзи ороишӣ атрофи бино ва ҳотаи онро зебу фар бахшидаанд.
Гулшинонии имрӯз ба хотири боз ҳам зеботару хушнамуд кардани атрофи Китобхонаи миллӣ буд. Гулҳои тару тоза баҳри дил мекушоянд ва аз омад-омади арӯси сол мужда медиҳанд.