Якшанбеи низофат дар Китобхонаи миллӣ

Дар ин рӯзи истироҳат кормандони Китобхонаи миллӣ барои ободонии саҳни китобхона ва атрофи он ба кор ҳозир шуданд.
Онҳо атрофро тоза намуданд, зери дарахтонро нарм карданд, бехи гулҳоро аз алафҳои бегона тоза карданд.
Рустаниҳои ҳотаи китобхонаро об доданд, ҷӯйборҳоро аз хасу хасрубаҳо тоза карданд.
Ин ҳафта чорабиниҳои вижа бахшида ба Рӯзи китоб доир мешавад ва табиист, ки барои ширкат дар чунин чорабиниҳо аз дуру наздик меҳмонон меоянд. Ба ин хотир кормандони Китобхона бо истифода аз фурсат корҳои ободониву низофатро дар сатҳи баланд ба роҳ монданд.