«СҲШ ва ҷавонон: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат»

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конфронси “Созмони Ҳамкориҳои Шанхай: Ташаббуси созандаи Пешвои миллат” баргузор шуд.
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон, ки ташаббускори ин Конфронс аст, дар варақаи матбуотии худ менависад: “Новобаста ба душвории мавҷудаи давраи гузариш, ки бо ташаккули низоми сифатан нави иҷтимоию иқтисодӣ алақаманд мебошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонон, аз ҷумла беҳдошти вазъи таълиму тарбия, соҳиби ихтисос, касбу ҳунар ва ҷойи кор гардидани онҳо ва мавқеи хоса пайдо намудани ҷавонон дар ҷомеа таваҷҷўҳи махсус зоҳир менамояд. Зимнан, баҳри дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон барномаҳои мушаххасро ба тасвиб расонид, ки дар натиҷа доираи васеи ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим ва рушду инкишофи ҳамаҷониба фаро гирифта шуданд”.
Кумитаи ҷанон мегӯяд дар сатҳи байналмилалӣ эълон кардани “Соли ҷавонон” ташаббуси Президент Эмомалӣ Раҳмон буд, ки дар ҷаласаи охирини СҲШ эълон гардид. “Дар шароити имрўзаи ҷомеа пешниҳоди мазкур саривақтӣ буда, аз ҳар ҷиҳат боиси дастгирӣ мебошад. Қабул гардидани ташаббуси мазкур, дар соҳаи сиёсати ҷавонон ба ҳалли як қатор проблемаҳои объективию субъективӣ дар сиёсати ҷавонон шароити мусоид фароҳам меорад. Он ба таҳияи нигоҳи ягона дар соҳаи кор бо ҷавонон дар миқёси байналмилалӣ ва минтақаҳои он тақвият бахшида, барои ҳамоҳанг сохтани фаъолити ҷавонони аъзои СҲШ ва муассисаҳое, ки бо ҷавонон кор мебаранд, мусоидат хоҳад кард”,- омадааст дар варақаи матбуотӣ.