Боздиди белорусҳо аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон

Намояндагони Донишгоҳи давлатии технологии Белорусия аз ҷумла, сардори шуъбаи кор бо шаҳрвандони хориҷӣ Елена Иосифовна ва ноиби академияи миллии Академияи илмҳои Белорусия Александр Сиганов аз  Китобхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Меҳмонон аввал аз толори кӯдакон ва наврасон дидан намуданд. Пас аз он, дигар толорҳои Китобхона аз ҷумла, толори хониши электронӣ, толори хониш, толори феҳристҳо, осорхонаи китоб, намоишгоҳи китобҳои тозанашррро дидан намуданд.

Диққати бештари онҳоро мусаввараи таърихӣ, ки дар ошёнаи сеюм, дар рӯ ба рӯи дари даромад ҷой гирифтааст, ҷалб намуд.

 Мусаввара маҳсули дасти наққоши шинохтаи кишвар Сабзалӣ Шариф аст, ки таърихи панҷ ҳазорсолаи мардуми тоҷикро фаро мегирад. Мусаввир ин мусаввараро муддати 20 соли фаъолияташ ба риштаи тасвир кашида, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намудааст ва имрӯз он як рамзи ифтихории Китобхона маҳсуб меёбад.

Чунончӣ, худи Сабзалӣ Шариф дар ин маврид гуфтааст:

Ба ин асарам мухтасар гуфтаниам, ки  барои  ташаккулу рушду нумуи миллат моро мебояд ба таърихи гузашта ва имрўзамон як бори дигар назар андозем. Дар гузашта ҷангу ҷидолҳои хонумонсӯз боиси сухтану несту нобуд гардидан ва ба хок яксон сохтани шаҳру деҳот, китобу дастнависҳои гузаштагонамон, хусусан китоби «Авасто» гаштаанд. Аммо порча-порча, зарра-зарра, аз даҳон ба даҳон, аз дида ба дида, аз гўш ба гўш мероси мо омада расидааст.

Мо миллати тоҷик имрўз аз ин дороии таърихии хеш ифтихор мекунем. Дар ин асари худ ман низ ин маъниҳоро тасвир кардам” -қайд намудааст мусаввири тоҷик.


Мусаввараи Сабзалӣ Шариф “Аз давра ба давра, аз дида ба дида”.

Асар аз се қисм иборат буда, рамзи гузашта, имрўз ва фардои диёру миллати тоҷик мебошад.

Шакли берунии асар аз нақши Рустам, Тахти Ҷамшед, ки дар  бари кӯҳи сангине рамзи чоршоха тасвир ёфтааст, иборат мебошад. Рамзи чоршохаро инчунин дар дигар динҳои дунё низ дидан мумкин аст.

Рамзи чоршоха- ин рамзи миқдори ниҳоии Осмон, Замин, Об ва Оташ, ё ин ки чор гўшаи ҷаҳон, чор фасли сол ва ҳоказоро ифода мекунад.

Ин асарро тамошобин метавонад, аз боло ба поён, ё аз поён ба боло, ё ин ки аз рост ба чап ва аз чап ба рост назар куна два дар щар щолат хато намекунад. Дар ҳама ҳолатҳо хулосаи томошобин як аст ва ў дарк менамояд, ки муаллиф чӣ гуфтанист ва чиро тасвир кардааст.

Дар ҳолати аз боло ба поён нигаристан хусусун аз қисми марказӣ ибтидои тамаддуни ориёӣ ва рамзҳои дини зардуштӣ, дигар динҳои дунёро бо нишону аломатҳои ба худ хос дидан мумкин аст.

 Ба ғайр аз се қисми асосӣ, асар боз ба якчанд хати давраҳо тақсим шудааст, ки сарҳади давру замон ва асрҳоро дар назар дорад. Дар дохили ин хатҳо навиштаҷотҳо ҷойгир карда шудаанд. 

Аз болои хати болои дасти чапи шоҳе ба нишонии хуршед ва рамзи чоргуша – фалак расида истодааст ва ин маънои қувват гирифтан, бохабар будан аз асли худ мебошад.

Ба дасти росташ тоҷи фахриро бар сари мардуми диёраш ва давлатдориаш бардошта , ҳамзамон ба ваҳдату ҳамоиш барои ободиву амонт  даъват намуда истодааст ва аз таги тоҷи фахрӣ кабутаре ба сўи мо парвоз дорад.

Дар ду тарафи симои шоҳпарандаҳо тасвир шудаанд. Аз тарафи чап уқоби баландпарвозу тезчашму дурбин ва аз тарафи рост кабўтари қосиди сулҳу навидовар болфишонанд. Ин парандаҳо низ аз боли рамзии «ХВАРЕНА» неру афзуда боз ба замонҳо парвоз карда истодааст.

Муаллиф дар ҷойи дигар гуфтааст, ки “Дар симои шоҳ на фақат Исмоили Сомониро, балки силсилаи шоҳони форсизабони ҳамаи давру замонҳоро дар назар дошта, тасвир намудаам, ки тавонмардони таҳамтанирода дар пайафканданӣ бораи муқтадирии давлатдории миллии мо, таъмини ободию сулҳу суботи кишвар, ташаккулу таҳаввули фарҳангу маънавиёт, хусусан шеъру адаби оламгири форсӣ ки фидокорона хидмат намудаанд.

Дар гирди шоҳ симоҳои бузургони илму фарханг ва ҳунари давру замон тасвир шудаанд. Ҳамаи онҳоро ном гирифтан дар ин шарҳи мухтасар ғайри имкон аст. Муҳимтараш он аст, ки мо бояд ин нуктаро фаромуш накунем, ки бузургонро бузургони дигар зинда медоранд.

Ин пайвандии вакт мебошад,ки дар  қисми поёнии маркази асар, модари ҷавоне назди гаҳвораи тифлаш нишаста, ўро мемаконад, тасвир ёфтааст ва рамзи Тоҷикистони 20-солаи соҳибистиқлол  мебошад.

Поёни қисми марказии асар аз зери хати даврабарзини (оташдони ) рамзӣ тасвир шудааст.

Дар қисми рости асар-модар дар даҳлези кулбаи худ бо ҳамроҳии фарзандону наберааш тасвир ёфтааст. Набера ба чағдеги дуғкашӣ менигарад. Шири сафед ин рамзи покиву назофат ва меҳнати ҳалол мебошад.

Дар кулбаи модар дар таги косаи айвон достаке (фароштуруке) чучаҳояшро ғизо медиҳад ва парастуи дигаре дар фазои осмон ба сўи пайкараҳо ва меъмориҳои таърихӣ парвоз дорад. Дар хонаи инсон лона гузоштани парасту ин рамзи фоли нек ва тинҷию амониро дар назар дорад.

Тарафи ростро бо марказ Буддои дар ҳолати якпаҳлӯ хоб буда пайваст мекунад. Тарафи рости асарро бозёфти бостоншиносони тоҷик – пайкараи шери мисин аз харобаҳои Ҳулбук ёфтшуда тасвир шудааст.

Дар қисми чапи асар Бобои деҳқон, мақбараи Исмоили Сомонӣ, меъмориҳои Самарқанду Бухоро тасвир гардидаанд. Дар шохаи дарахти шукуфоне духтараке ғарқи орзуҳои нек алвонҷ рафта истодааст.

 Ёдовар бояд шуд, ки рассоми тоҷик Шарифов Сабзалӣ Неъматович 9 майи соли 1946 дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Рассоми  халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, рассоми шоистаи Тоҷикистон (1987), дорандаи мукофоти давлатии ба номи  А. Рудакӣ, мукофоти давлатии Шӯрои Советҳои СССР (1988), узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон (1977), узви фахрии С. Шариф Академияи меъморӣ ва сохтмонии Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996) сазовор гардидааст.

Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод