Профессор Мирализода: Миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи ногусастанӣ дошт

Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода гуфт, ки дар Рӯзи китоб метавон оид ба фазилатҳои китобу китобхонӣ зиёд ҳарф зад. Вале сухан аз китоб набояд якрӯзиву дурӯзӣ бошад. Абдусалом Мирализода, ки чанд дақиқа пештар дар ҳамоише оид ба Рӯзи китоб дар ҳузури ҷамъе аз донишмандон, ҳунармандон ва хонандагон сухан мегуфт, иброз дошт, ки миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи ногусастанӣ дошт ва имрӯз мо шоҳиди онем, ки он суннати қадима лдубора эҳё мешавад.

Профессор Мирализода барои исботи суханонаш омори афзоиши теъдоди хонандагони Китобхонаи миллиро овард ва гуфт, ки ҳамин афзоиши пайваста гувоҳи он аст, ки миллат дубора ба китоб руҷӯъ мекунад. Вай боз изҳор дошт, ки ҳатто дар таътили имсолаи тобистона толорҳои хониш камодам набуданд. Бахусус толори хониши кӯдакон пурхонандатарин толор буд ва ин гувоҳи он аст, ки мо тадриҷан ба атфоли худ бо китоб буданро меомӯзем.

Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон, ҳунармандон оғоз шуданд. Саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии  бонувони  КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ  оро дода шудаанд. Дар зинаҳо, аз ду тараф сузаниҳо ва гулҳо гузошта шудаанд. Гулдухтарони Китобхонаи миллӣ бо либоси зебову шинами миллӣ аз ду тараф меҳмононро пазироӣ менамоянд. Ҳамзамон, баннерҳои «Иди китоб» ва «Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи мувофиқ насб ва  намоиши ҳунарҳои  эҷодии  бонувони  КМТ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.