Мизи мудаввари “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 -2028

Баъд аз зуҳри рӯзи 19-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар бахшида ба Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018 -2028 доир гардид.
Гадобек Маҳмудов, муовини Директори Китобхона дар суханони ифтитоҳии худ аз ҷумла гуфт: “Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028, ки  21 декабри соли 2016 дар Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид сурат гирифт, ифтихори тамоми мардуми тоҷик аст. Бояд гуфт, истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизамонро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некуаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад”.
Муовини сардори Раёсати захираҳои оби Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Гул Шарифов дар мавзўи “Тоҷикистон – даҳсолаи байналмилалии об барои рушду устувор”, маърўза намуда, зикр намуд, ки “Қатъномаи Даҳсолаи байналмилаии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028 ташаббус ва иқдоми бузурги башардўстонае ба ҳисоб меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад” 
Баъдан, маърўзаи мудири кафедраи Мелиоратсия, таҷдидсозӣ ва ҳифзи замини Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур Шавкат Пӯлодов дар мавзўи “Нақши пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои глобалии об” шунида шуд. Мавсуф зикр намуд, ки  “яке аз аввалин ташаббусҳои фарогири Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар масоили об ин дар арсаи ҷаҳон эълон намудани соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза” буд, ки аз ҷониби СММ дастгирӣ ва қабул шуд. Инчунин, Эмомалӣ Раҳмон дар Иҷлоссияи 58-уми СММ суханронӣ карда,  аз соли 2005 то соли 2015-ум зери шиори Даҳсолаи амалиёт “Об барои ҳаёт”, ки ҷиҳати мусоидат ба татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола таҳия гардида  буд, дар тамоми ҷомеаи ҷаҳон эълон кард ва муҷиби дастгирии миллионҳо одамони ҷаҳон гардид”.
Дар охир маърўзаи аспиранти кафедраи Истифодабарии системаҳои гидромелиоративии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон Ҷобир Абдуллоиён дар мавзўи “Захираи обҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузариш ба идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об” шунида шуд. Ҷобир Абдуллоиён гуфт: “Оқилона ва самаранок истифодабарии об яке аз проблемаҳои муҳими на фақат соҳаи кишоварзӣ, балки тамоми соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ маҳсуб меёбад. Зиёда аз 92 дарсади оби дар хоҷагии халқ истифодашаванда ба соҳаи кишоварзӣ мансуб буда, 90 дарсади даромади асосии соҳаи растанипарвариро ташкил медиҳад. Истифодабарии самараноки он, алалхусус ба ин соҳа, аҳамияти калон дорад, чунки аз ҳисоби оби сарфшуда аз худ кардани заминҳои нав, ё ин ки беҳтар гардонидани таъминоти обии заминҳои минтақа имконпазир  мегардад”. 
Дар охир мубодилаи афкор миёни иштирокчиён сурат гирифт.

Фарзонаи МИРЗО