Рӯзи китоб, силсиланамоишҳои китоб ва Рӯзи дарҳои боз

Субҳи имрӯзи кормандони Китобхонаи миллӣ аз ташкили як силсила намоишҳои китоб оғоз шуд. Қариб дар ҳамаи роҳраву ошёнаҳо, шуъбаҳо, толорҳои хониш намоишҳои гуногуни китобу маҷаллаву нашрияҳо баргузор шуданд.

Китобҳо мавзуъоти гуногунро дар бар мегиранд. Иҷтимоъ, иқтисод, сиёсат, илм, фарҳанг, ҷаҳонгардӣ, саноат, нашрияҳои даврӣ, китобҳои нодир ва нусхаҳои қаламӣ ва ғайра.

Ҳамзамон бо ин аз соати 8:00 субҳ то соати 17:00 дар Китобхонаи миллӣ рӯзи “Дарҳои боз” гузашт. Дар ин рӯз садҳо нафар аз ҷумлаи сокинони пойтахт, меҳмонони хориҷӣ ба Китобхона омаданд ва бо толорҳои хонишу шароитҳои он аз наздик ошно шуданд. Мутасаддиёни ин чорабинӣ Шуъбаи чорабиниҳои фарҳангӣ ва маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ буданд.

Гуфтанист, ки Рӯзи дарҳои боз анъанаи деринест дар Китобхонаи миллӣ ва ҳар сол вобаста ба иду айём ин чорабинӣ гузаронида мешавад. 

Аксҳои ҳамкорамон Хусрави Милод аз ин намоишҳо ҳикоят мекунанд.