Дидор бо сарбозону афсарон бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ

Мулоқоти хонандагони китобхона бо ҳудудан 50 нафар сарбозону афсарони неруҳои мусаллаҳи кишвар дар Китобхонаи миллӣ хотирмону ҷолиб ба анҷом расид.
Бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон баъди зуҳри имрӯз, 22- уми феврал мулоқоти афсарон ва сарбозон бо ҷавонон бахшида ба рўзи Артиши миллӣ зери унвони «Ҳомиёни Ватан» доир гардид.
Гадобек Маҳмудов-муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар сухани ифтитоҳии худ аҳли нишастро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ муборакбод кард.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт, ки Ватан ва Модар ду вожаи муқаддасеанд, ки ҳар инсон онро бояд дӯст дорад. Як рукни муҳими соҳибистиқлолии кишвар ин доштани Артиши миллист ва Артиш худ гарави ҳимоят аз якпорчагии Ватан аст. Аз ин рӯ хизмат ба сафи неруҳои мусаллаҳ қарзи ҳар инсони бошараф аст. Ҳимояи Ватан низ барои ҳар пиру ҷавон як вазифаи муқаддас мебошад. Вай таъкид кард, ки “ҷавононро зарур аст илму дониш омўзанд ва ҳамеша марзу буми худро ҳимоя намуда, ба ин сарзамин содиқонаю фарзандона хизмат кунанд».
Дар ин чорабинӣ подполковник Сафар Наботов, сардори тарҷумонҳои ҳарбии кафедраи ҳарбии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзўъи «Омода намудани афсарони эҳтиётӣ барои Қувваҳои мусаллаҳ», полковники Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдурашид Холбоев дар мавзўи «Пешбурди корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои мусаллаҳ», капитан Қобил Холбеков дар мавзўи «Бунёди Артиши миллӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ», капитан Улмас Пирзода дар мавзўи «Даъвати ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳ» ва сержант Нусратулло Маҳмадулло зери унвони «Ҷавонон ва Қувваҳои мусаллаҳ» суханронӣ карданд.
Дар поёни чорабинӣ мубодилаи афкор миёни ширкаткунандагон ва меҳмонон сурат гирифт.
Дар хотима аз ҷониби роҳбарияти Китобхона ба меҳмонон китоб туҳфа шуд.

Фарзонаи МИРЗО