Рӯзи низофати баҳорӣ дар Китобхонаи миллӣ

Тибқи анъанаи рӯзҳои баҳор рӯзи шанбе ҳам кормандони Китобхонаи миллӣ ба тоза кардани атрофи бино ва нармкунии бехи драрахтону побел кардани заминҳо ҷалб шуданд.
Баҳор худ зебост ва инсонҳо ба ҳар навъе талош мекунанд ба ин зебоӣ зебоии дигар илова кунанд. Коре, ки имрӯз анҷом гирифт, идомаи корҳои рӯзҳои қаблӣ буд. Яъне, побели заминҳо ва нарм кардани бехи ниҳолу дарахтон.
Кормандони Китобхонаи миллӣ имрӯз ҳам талош карданд корашон самаровару посухгӯ ба талабот бошад. Онҳо   қитъаҳои замини атрофи биноро побел карданд, онро аз алафҳои бегона тоза намуданд ва ин гуна алафҳоро решакан карданд.
Рӯзҳои покиву низофат дар Китобхона идома доранд.