Лаҳзаҳои ободонии субҳи рӯзи сешанбе
Нашр шуд 2017-04-18 14:59
Дар ободонии сабзазори паси бинои Китобхонаи миллӣ аз субҳи имрӯз аксари кормандони Китобхона ҷалб шуданд. Мардом заминҳоро побел карданду бехи ниҳолҳоро нарм намуданд.
Бонувон бошанд хасрубаҳои хушкро аз рӯи сабзаҳо берун кашиданд, заминро аз ҳар гуна сангу кулух ва гиёҳҳои хушкида тоза намуданд.
Рӯзҳои ободонӣ, ки аз вуруди баҳору остонаи Наврӯз шуруъ шуда буданд, ҳамвора идома доранд.
Китобхонаи миллӣ майдони васеъи сабзазор дорад, ки аз дур ба ҳусни он ҳусни тоза мебахшад. Ҷо-ҷо дарахтони гуногун қад кашидаву дар аксар масоҳати он сабза кишт шудааст.
Ҳар сол бо нерӯи худи кормандон ин масоҳати васеъ ободу сабз мешавад.