Намоиши китоб: “Ваҳдат, Давлат, Президент”

Беш аз 40  нусха китобе, ки солҳои 1997-2017 дар мавзуъи сулҳу ваҳдат чоп шудаанд, гӯшае аз номоиши китоби Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии  Китобхонаи миллии Тоҷикистонро оро доданд.
Ин намоиши китоб имрӯз дар ҷараёни як конфронси илмӣ  оммавӣ бахшида ба ифтихори  Ваҳдати миллӣ  таҳти унвони «Ваҳдат, Давлат, Президент» роҳандозӣ шуд.  
Хонандагон аз ин намоиш метавонанд бо китобҳои Қ. Восиев «Садафи Ваҳдат - Пешвои миллат», Душанбе 2016,  Н. Абдуваҳҳоб «Ваҳдатовар» Душанбе- 2014, «Фархундапай» -Душанбе 2014, Қ. Восиев «Сиёсати давлатӣ ва ваҳдати миллӣ» Душанбе 2010, «Эмомалӣ Раҳмон поягузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ» Душанбе 2011, А. Шарифзода, А. Ғафуров «Наҷотбахши миллат» Душанбе-2012, С.А. Нурӣ «Оштинома» Душанбе -2001, Ш. Ҳаниф, С. Мирзошоҳ «Меъмори Ваҳдат», Душанбе -2004, Қурбон Восеъ ва Фирдавс Восеъ «Ваҳдат, Давлат, Президент» Душанбе-2007, «Баёзи Ваҳдат» Душанбе 2007, К. Абдулов «Даврони сарнавиштсоз» Душанбе- 2007, В. Набиев «Сулҳ, Ризоият, Ваҳдат» Хуҷанд -2007, Мирзо Аҳмади Ҷӯрабой «Шарафмандони Ваҳдат», «Пайки оштӣ» Душанбе – 1998 ва ғайра шинос шаванд.

Фарзонаи МИРЗО