Баҳси самтҳои асосӣ ва рушди ҷаҳонгардӣ дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-01-17 13:09
Соли 2017 аз толорҳои хониш ва намоишгоҳҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 20229 нафар меҳмонон дидан намуданд, ки аз ин 1262 нафараш меҳмони хориҷӣ буданд.
Дар Китобхонаи миллӣ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони «Самтҳои асосӣ ва рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» доир гардид.
Мизи мудавварро бо сухани ифтитоҳӣ муовини Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова оғоз намуда, туризмро яке аз соҳаҳои даромадноки кишвар донист ва гуфт: “Туризм яке аз муҳимтарин бахши иқтисодиёти ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, аз ҷиҳати даромаднокӣ баъди истеҳсоли нефт ва соҳаи мошинбарорӣ дар ҷои сеюм меистад. Бо назардошти ин, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намуданд”.
Муовини Директори Китобхонаи миллӣ иброз дошт, ки соли 2017 аз толорҳои хониш ва намоишгоҳҳои Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллии Тоҷикистон» 20229 нафар меҳмонон дидан намуданд, ки аз ин 1262 нафараш меҳмони хориҷӣ буданд.
Рушди туризм ба афзудани ҷойҳои нави корӣ сабаб мешавад, буҷаро ғанӣ мекунад, муҷиби афзоиши биноҳои наву обод мегардад.
Баъдан, маърӯзаҳои Фаридун Мирзоев – муовини сардори Раёсати рушди сайёҳии Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои рушди туризм дар Тоҷикистон», омӯзгори кафедраи туризми Донишгоҳи соҳибкорӣ ва хизмат дотсент Муродалӣ Ашуралиев дар мавзуи «Омода намудани мутахассисони соҳаи туризм дар шароити имрӯз», маърузаи омузгори Литсейи касбии хизмат ва туризм Манучеҳр Зарипов таҳти унвони «Тайёр намудани мутахассисон соҳаи туризм дар Литсейи касбии хизмат ва туризм» шунида шуд.
Ширкаткунандагон доир ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани самти сайёҳӣ ва туризм дар кишвар ибрози назар карданд.
Ҳамзамон, суханронии Суҳроб Қурбонов директори ширкати сайёҳии ватании “Бунёд – Тур” доир ба фаъолият ва самти хизматрасониҳои ниҳод шунида шуд.
Фарзонаи МИРЗО
Шуъбаи тарғиб ва баргузории
чорабиниҳои фарҳангӣ