Ҳамкорони мо: Афзалмо Муҳаммадиева

Ин бонуи донишманду кордон аз зумраи он китобдоронест, ки беш аз 38 соли ҳаёти бобаракати хешро баҳри рушду нумўи соҳаи китобдорӣ сарф намуда бо сипосномаву ифтихорномаҳои зиёд сарфароз гардидааст. Дорандаи нишони алочии фарҳанг мебошад. Соҳиби се фарзанд ва чор набера мебошад.

Соли 1987 шуъбаи ғоибонаи донишкадаи Давлатии санъати Тоҷикистон  бо номи  Мирзо Турсунзодаро  хатм намудааст. Фаъолияти кориашро аз мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 33 ҳамчун лаборант оғоз намуда,  баъдан  дар беморхонаи № 3 –и  шаҳри Душанбе ҳамшираи шавқат шуда, кор кардааст.

Аз 11-уми феврали соли 1980 дар шуъбаи илмӣ-методии Китобхонаи ҷумҳуриявии ба Абулқосим Фирдавсӣ ба фаъолият оғоз кардааст. Соли 1992 муовини шуъбаи таъбу нашр таъин шуда, соли 2011 муовини шуъбаи коркарди адабиёт ва аз соли 2016 то ҳол бошад мудири шуъбаи такмили адабиётро ба уҳда дорад.

Дар суҳбати кутоҳе, ки бо ӯ доштем, аввал дар бораи интихоби касб пурсидем. Яъне, чаро маҳз китобдориро интихоб кардааст. Гуфт:

        - Сабаби касби китобдориро интихоб кардани ман дар он аст, ки банда дар оилаи зиёӣ ва шахси китобхону китобдўст ба дунё омадаам. Чун модаркалонам, ки мадрасаро (он солҳо таҳсил намудани занон иҷозат набуд) хатм карда буданду донишманду китобхону китобдўст буданд, пайваста моро талқин мекарданд, ки илм омўзему соҳибмаълумот шавем. Шояд таъсири ҳамон муҳит бошад, ки мо ҳама пайи хондану илм омўхтан будему соҳибмаълумот гардидем. Он солҳое, ки мо донишҷў будем, китоб барои мо муқаддас дониста мешуд. Як китоби нави бадеӣ, ки чоп мешуд, аз даст ба даст мегузашт, ҳама мунтазири навбати хонданаш  менишастем. Аммо бубинед, имрўз барои илмомўзиву маърифатнок шудан шароитҳо муносибу мувофиқанд, вале на ҳама майли таҳсил доранд, на ҳама китоб мехонанд. Ҳануз ёд дорам, ки  аввалин китоби хондаи ман “Синдбоди дарёгард” ном дошт ва он вақт ман ҳамагӣ шаш сол доштам. Ва баъд китобҳои зиёдеро мутолиа кардам. Шояд ҳамон меҳр ба китоб буд, ки дар интихоби касб бароям ёрӣ расонд.

- Фаъолияти кории  хешро аз куҷо оғоз намудаед ?

 - Шиори шумо дар зиндагӣ ?

     -  Шиори ман дар зиндагӣ пеш рафтан ва ба қуллаҳои мақсуд расидан, ба халқу Ватан софдилона хизмат кардан аст. Ҳамеша талош мекунам, ки дар сафи пеш бошам. Меҳнати ҳалолро дӯст медорам ва фарзандонамро низ дар ҳамин руҳия ба воя мерасонад. Инсон ҳар қадар заҳматкаш бошад, зиндагӣ барояш ҳамон андоза осон аст.  

- Андешаҳои шумо оиди таҳсили ҷавондухтарон ва фаъолияти онҳо дар мақомоти давлатӣ ?

- Ман ҳамеша ҷонибдори таҳсили духтарон будам ва ҳастам. Ҷавондухтарон бояд сохибмаълумот бошанд, биомўзанд ва дар ҳамаи ҷабҳаҳова мақомоти давлатӣ хамчун мардон ҳамқадами ҷомеа бошанд, чунки аз модари босаводу бомаърифат фарзанди нек ва босавод ба воя мерасад. Духтарон модарони ояндаанд ва ояндаи насли наврас аз саводу дониши онҳо вобаста мебошад.

Барои кор низ савод муҳимтар аз ҳар чизи дигар аст. Шахси босавод корашро хуб анҷом медиҳад, пеши каси дигар сар хам намекунад, бо касе хушомад намезанад. Ин хеле муҳим аст. Ман ҳамеша шогирдону наздиконамро ба омӯзиши илм талқин мекунанд. Имрӯз ҳама шароит барои омӯзиш вуҷуд дорад, дарҳои донишгоҳҳо бозанд. Пас монеае нест. Танҳ инсон кӯшо бошад. Диплом гирифтан ин соҳиби маълумот будан нест. Омӯзиш бояд пайваставу ҳамеша бошад. Дар замони мо илму техника пеш меравад ва агар аз омӯзиш дур шавем, аз пешрафтҳо қафо мемонем. Яъне, дигарон пеш мераванд, вале мо мемонем. Донишҳои замонавӣ ҳамеша такмил мехоҳанд. 

Аз ҷумла, дар китобдорӣ низ. Китобхонаи миллӣ чаро Маркази такмили ихтисос дорад? Зеро роҳбарияти мо мехоҳанд кормандонашон пайваста дар омӯзиш монанд, то аз замона қафо намонем.

Аз ин рӯ омӯзиш калиди асосии комёбиҳо ва муваффақиятҳост.

Мусоҳиб: Моҳираи РАҶАБ