Чорабинии тантанавӣ ба таҷлили «Ҳафтаи китоб» бахшида ба «Рӯзи китоб»
Нашр шуд 2017-09-04 16:32
Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ маҷлиси тантанавӣ ба ифтихори «Рӯзи китоб» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани ифтитоҳии худ ширкаткунандагонро бо 10 солагии гузоштани хишти асоси Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва фарорасии 26-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон табрик намуда, барояшон хушбахтиҳои беназирро таманно намуд.
Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: “Инак аз он рӯзе, ки бо иштирок ва ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аввалин хишти Китобхонаи миллии Тоҷикистон гузошта шуд, даҳ сол сипарӣ гашт. Дар як муддати кӯтоҳ соли 2012 корҳои сохтмонӣ дар ин иморати бошукўҳ ба анҷом расида, дар шаҳри Душанбе калонтарин китобхона дар Осиёи Миёна ифтитоҳ гардид ва Сарвари давлати тоҷикон дар ҳузури намояндагони аҳли зиёи кишвар ин бинои дорои толорҳои калонтарину зеботарин ва барҳаворо дар арафаи ҷашни Наврўз ба мардуми шарифи Тоҷикистон ҳадя намуд”.
Абдусалом Мирализода қайд намуд, ки "Мавриди истифода қарор гирифтани бинои нав имконоти бештареро барои татбиқи вазифаҳои афзалиятноки китобхона дар самтҳои бунёди фондҳои электронӣ, инкишофи низоми электронии пахши иттилоот, созмондиҳӣ ва истифодаи толорҳои хониши вертуалӣ, таҳияи феҳристҳои электронӣ доир ба ҳама намуди маҳсулоти чопӣ ва нусхаҳои хаттӣ фароҳам оварда, дастёбии озодонаи хонандагонро ба хазинаҳои чопӣ ва электронии Китобхона таъмин менамояд. Инчунин, дар фаъолияти Китобхона низоми нисбатан комили автоматикунонии равандҳои китобдорию иттилоотӣ татбиқ мегардад”.
Баъдан Мушовири калони ёрдамчӣ оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Шамсиддин Орумбекзода, муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев суханронӣ карданд ва аҳли нишастро ба Рӯзи китоб муборакбод намуданд.
Дар охир, ба кормандони фаъоли Китобхона ва мудирони арзандаи китобхона маблағҳои пулӣ ва ифтихорномаҳо аз ҷониби роҳбарият супорида шуд.
Фарзонаи МИРЗО