Дар Китобхонаи миллӣ ”Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” муаррифӣ шуд

Қабл аз зӯҳри имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) баргузор шуд. Китобро нашриёти “Адиб” дар тарҷумаи Ҳикмат Раҳмат нашр кардааст.

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, профессор, Абдусалом Мирализода дар расми ифтитоҳи рӯнамоӣ, ик бо ширкати ҷамъе аз соҳибназарон, дипломатҳо ва хонандагон доир шуд, оид ба ҳаёт ва фаъолияти адабиву ҷамъиятии нависандаи оламшумул Чингиз Айтматов изҳори назар намуд. Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: “Чингиз Айтматов нависанда, мутафаккир ва инсонпарвари бузургу тавоно ифтихори халқҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, равшанфикрони Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Қариб кулли асарҳои ин адиби барҷаста бо забони тоҷикӣ баргардон шудаанд ва романи “Вақте кӯҳҳо суқут мекунанд” аз ҳамин ҷумла аст. Зимнан ёдовар шавам, ки асарҳои Чингиз Айтматов бо бештар аз 150 забони олам тарҷумаву нашр шудаанд”.

Дар  рӯнамоии китоб сафири Қирғизистон дар Тоҷикикистон Рустенбеков Джаниш Султанкулович, сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов, намояндаи сафорати Русия дар Тоҷикистон Шамил Шамсутдинов, намояндаи сафорати Туркманистон дар Тоҷикистон Перман Бердиев, намояндаи сафорати  Ӯзбекистон дар Тоҷикистон Атобек Турсинбеков ширкат ва суханронӣ карданд.

Муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим,  мутарҷими китоби “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) Ҳикмат Раҳмат суханронӣ намуда, хизматҳои шоистаи Чингиз Айтматовро хусусан, барои рушди адабиёти тоҷик назаррас арзёбӣ намуданд.

Дар сароғози китоб омадааст, ки “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) осорест, ки онро адиби овозадори қирғиз Чингиз Айтматов дар овони ба қуллаи камолоти эҷодӣ расиданаш ба қалам додааст ва ин иддаоро ҷобаҷо афтидани ҳар як калимаву таъбири ин талафот бо ҳама тобишу маъно пеши назар меоварад. Нависанда басо кӯшидааст, ки вақтро дар ҳоли ҳаминрӯза, бо ҳама бурду бохту резу чошаш рӯбарӯи замон ҷилва бидиҳад. Ба вижа, волоияти сухану суханшинос, санъату санъатварро, ки қадрашон коҳидааст, чун оина бинамояд ба хонанда. Роман моломол аст, аз ишқу дардҳо, васлату нокомиҳо ва ниҳоят ба таъкид меояд, ки мавҷудияти таззодҳо дар андозаи вақту фазо охир надорад. Асар аз ҳар ҷиҳат хонданист, бахусус ҷиҳати тарбиявии он дар ҳоли имрӯз аҳамияти бузургеро дорост.

Ёдовар мешавем, ки дар охири ин рӯнамо аз ҷониби сафорати Қирғизистон дар Тоҷикистон наздик ба 400 нусха китоби тарҷумашудаи тозанашри Чингиз Айтматов, “Вақте, ки кӯҳҳо суқут мекунанд” (Арӯси абадӣ) ба Китобхонаи миллии Тоҷикистон супорида шуд.

Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод