Аввалин маҷмӯаи шеърҳои Иззатманди Саломиён дар шаҳри Хуҷанд чоп шуд
Нашр шуд 2021-01-07 09:05
Нашриёти "Ношир"- и шаҳри Хуҷанд нахустин маҷмӯаи шеърҳои шоир Иззатманд Саломиёнро таҳти унвони "Қафаси санг" бо сарсухани Шоири Халқии Тоҷикистон ФАРЗОНА чоп кард. Фарзона менависад: "Забони шеъри Иззатманд нобу шодобу мубаррову мусаффост, забонест, ки бо равоиши латифи калимоташ, бо каррашмаҳои зебои ҳуруфаш, бо зарбу зарабони хушсавти овозаш дилҳоро рўшаниву ромишу саодат мебахшад. Забони шеъри ў, ки ҳолу ҳавои мўҳташами осори ниёгонро ҳифз кардааст, басе имрўзиву кунунист:
Фақат ба суръати мижгон задан ба сурати ту,
Дар ин фазои маҷозӣ ниҳам ҳазорон лайк.
Иззатманд Саломиён шоир ва рӯзноманигори тоҷик, хатмкардаи факултети забон ва адабиёти Шарқи Донишгощи миллии Тоҷикитсон мебошад. Баъди хатми донишгоҳ муддате дар нашриёти “Ирфон” кор карда ва сипас чун тарҷумони забони арабӣ дар Либиё ва Сурия кор кардааст.
Баъдан солиёни зиёдест, ки дар радио ва телевизион ва нашрияҳои мухталиф ба ҳайси рӯзно манигор кор кардааст. Дар созмонҳои байналмилалӣ низ фаъолият намуда, дар тарбияи журналистони ҷавон барои радио ва телевизион заҳматҳои фаровон кашидааст.
Дар баробари ин шеър менависад ва навиштаҳояд дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишвар пайваста чоп мешавад. “Қафаси санг” аввалин маҷмӯаи шеърҳои ӯст.
Раҳима Аъзам