Бойгонии Китобхонаи миллӣ бо 19 нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангӣ ғанӣ шуд

Дар нӯҳ моҳ  шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 19  адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангӣ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ ва 5 адади он харидорӣ кардааст. Аз осорхонаи китобҳои нодир” 2 ҳазору 701 нафар хонадагон ва меҳмонони хориҷӣ дидан кардаанд. Дар ин муддат   матбуоти даврӣ 25 ҳазору 906 рӯзномаву маҷалла дархост кардаанд ва тибқи дархости хонандаго ба шуъбаи  абанементи байни китобхонаҳо 1898  номгўй маҷалла ва рўзнома пешниҳод шудааст.

Дар ин бораи низ дар ҷаласаи ҷамъбасти фаъолияти нӯҳмоҳаи Китобхонаи миллӣ сухан рафт. Гуфта шуд, ки дар ин нӯҳ моҳ шуъбаи дастхатҳои Шарқ ва китобҳои нодир 19  адад нусхаи хаттӣ ва китоби чопи сангӣ аз аҳолӣ ҷамъоварӣ ва 5 адади он харидорӣ карда шуд. 

Ба толори хониш ва “Осорхонаи китобҳои нодир” 2701 нафар хонандагону меҳмонони дохилию хориҷӣ ташриф оварда, бо ганҷинаҳои нодири шуъба шинос шуданд ва истифода карданд. Илова бар ин барои гум нашудани сифат 650  нусхаҳои хаттии фонд варақгардон шуда, баъзеи он барои таъмиру тармим  интихоб карда шуд. Бахши таъмир ва тармим 945 адад китобҳои фарсударо таъмир ва  аз нав барқарор кард, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 345 адад зиёд аст.

Кормандони шуъбаи матбуоти даврӣ дар нуҳ моҳи соли 2018 ба толори хониши шуъба8 ҳазору 866 хонанда хизмат расондаанд ва ин афрод25 ҳазору 906рўзномавумаҷалла дархост крадаанд.

Барои таъминиталаботи рўзмарраи хонандагон ҳар ҳафта 39 номгўй рўзномаи обунавӣ, 29 номгўймаҷаллаю рўзномаҳои нусхаи ҳатмӣ бо забонҳои тоҷикию русӣ ва 25номгўй маҷаллаи хориҷӣ қабул гардида, бо рақамгузории махсуси бибилиографӣба фонди шуъба ворид карда шуд. Рақамшуморӣ ва баҳисобгирии фонд ба итмом расид, дар фонд 1216188 нусха нашрияҳои илмӣ-оммавӣ маҳфуз аст.