Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ташаббуси Шуъбаи хизматрасонии махсус ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ мизи мудаввар дар мавзӯи «Дурнамо ва ҳалли мушкилоти таъмини китобҳои Брайлӣ ба забони тоҷикӣ» доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар суханронии муқаддамотии худ ба зарурати чопу интишори китобҳои брайлӣ барои нобиноён таъкид кард. Вай гуфт, ки дар бойгонии Китобхонаи миллӣ китобҳои брайлии чопи солҳои пеш мавҷуданд, вале ҳоло талабот ба ин китобҳо меафзояд.
Баъдан, маърӯзаҳои намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ, баромади намояндаи Вазорати фарҳанги ҶТ, маърӯзаи Асадулло Зикрихудоев – директори Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Фирӯз Ҳамроев – раиси Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони шаҳри Душанбе, намояндаи Иттиҳодияи миллии нобиноёни Тоҷикистон Оқилҷон Зиёдалиён шунида шуд.
Ҳамзамон, дар ин мизи мудаввар намояндаҳо аз як қатор ташкилотҳои хориҷӣ: Ҳусноро Додихудоева – Мутахассиси ҳифзи кӯдак (ЮНИСЕФ), Зулфия Бутаева – Котиби масъули ЮНЕСКО, Дилором Нозимова – Машваратчии миллӣ оиди кор бо маюбон, Саида Иноятова – Роҳбари ташкилоти ҷамъияти созмони занони маюбият «Иштирок», Фирӯз Халимов – Ассотсиатсияи кўмак ва дастгирии Ҷопон, Матлуба Солеҳова – Директори ташкилоти «Пешрафт», Фридерика Бер – OSCE Мутахассис оид ба ҳуқуқи инсон, Раъно Додовонова – Аъзои раёсати ТҶ Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон ширкат намуданд.
Дар охир мубодилаи афкор сурат гирифт.