Шоира Рудобаи Мукаррам дар меҳмонии ҷавонони Китобхонаи миллӣ

Рудобаи Мукаррам, шоираи ҷавон баъди зуҳри рӯзи ҷумъа дар Китобхонаи миллӣ бо хонандагон ва кормандони Китобхона дидор кард ва як маҳфили шеъру суруд баргузор намуд.
Ин маҳфил бо талоши Шуъбаи баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ доир шуд ва аз силсилаи чорабиниҳои тарҳрезишуда ба истиқболи ҷашни Наврӯз буд.  
Маҳфил бо сухани ифтитоҳии Директори Китобхонаи миллӣ Сайфиддин Назарзода шуруъ шуд.
Сипас Рудобаи Мукаррам аз ашъори тозаи худ шеърҳо хонд. Миёни шоира ва аҳли нишаст суҳбати дилнишине дар ҷараён шуд ва иддае аз ҳозирон аз ашъори Рудоба намунаҳо хонданд.  
Мавриди тазаккур аст, ки дар чорабинӣ беш аз 120  нафар   кормандони Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва донишҷуёни Донишгоҳи омўзгории Тоҷикистон ширкат варзиданд.