Мизи мудаввари «Мо ба озмун тайёрем» дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-09-03 17:31
Имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон мизи мудаввар барои дар сатҳи баланд доир намудани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” таҳти унвони «Мо ба озмун тайёрем» доир гардид.
Муовини аввали директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабзода дар сухани ифтитоҳии худ нахуст аз дастовардҳои нодири Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар гардид. Вай аз ҷумла гуфт: “Сараввал, мехоҳам дар ин рӯзҳои фархунда ва барои миллати тоҷик муқаддасу сарнавиштсоз - Рӯзи фархундаи Истиқлоли давлатӣ самимона муборакбод намоям ва бароятон тансиҳативу хонаобадӣ, бахту иқболи баланд ва комёбиҳои рӯзафзун таманно кунам. Даврони Истиқлол барои мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрўзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сўи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем. Ба бахти миллати куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик, Тоҷикистони азиз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои бузурги иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ ноил гардид, аз ҷумла дар соҳаи китобдорӣ низ рушду равнақи бесобиқа ёфт. Баргузории озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст...” дар саросари ҷумҳурӣ ва таҳти сарпарастии бевоситаи Пешвои муаззами кишвар далели равшани таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаи фарҳангу маънавиёт мебошад”
Баъдан, суханронӣ ва порчаҳои шеърии азёднамудаи зиёда аз бист иштирокчиёни озмун: Мулкияи Давлат, хонандаи синфи 11 –уми мактаби таҳсилоти умумии № 59 шаҳри Душанбе дар номинатсияи Адабиёти ҷаҳон, Меҳринисои Исфандиёр, хонандаи синфи 8-уми мактаби таҳсилоти умумии № 176 шаҳри Душанбе, аз руйи наминатсияи Адабиёти классикӣ, Одилова Мастура, хонандаи синфи 6-уми мактаби таҳсилоти умумии №25 шаҳри Душанбе, аз руйи наминатсияи адабиёти бачагона, Ҳамроева Самира, хонандаи синфи 9-уми мактаби таҳсилоти умумии № 16 шаҳри Душанбе, аз руйи наминатсияи Адабиёти муосир, Ҳақбердиева Сайҳуна, хонандаи синфи 6 –уми мактаби таҳсилоти умумии № 16 шаҳри Душанбе, аз руйи наминатсияи Адабиёти муосир ва дигарон шунида шуд.
Дар охир, муовини Директори Китобхонаи миллӣ Ҷалолуддин Нурзода ба аҳли ширкаткунандагони мизи мудаввар барои дар сатҳи хубу олӣ доир гардидани Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” бурдорӣ ва муваффақиятҳои беназирро таманно намуд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа баргузор карда мешавад.
Озмун аз чор давр иборат буда, моҳи декабр ҷамъбаст мегардад.
Даври якуми он моҳи апрел дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳои деҳот ва шаҳрак, даври дуюм моҳи июн дар маркази ноҳия ва шаҳрҳо (ба истиснои шаҳри Душанбе), даври сеюм нимаи дуюми моҳи сентябр дар маркази Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе, даври чорум –ҷумҳуриявӣ буда, барои ғолибони даври сеюм то 10 декабр дар муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон” гузаронида мешавад.
Омодасоз: Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод