Хушбахтӣ кафолати оилаи солим
Нашр шуд 2019-09-25 10:49
Чунин ном дошт семинар-тренинге, ки бо ташаббуси Шӯрои бонувони Китобхонаи миллӣ доир гардид. Муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова дар сухани ифтитоҳии худ зикр намуд, ки оила ва фарҳанги оиладорӣ як самти басо муҳими сиёсати кишварҳои олам аст. Ва муҳаббат пояи аслии устувории оилаҳо мебошад.
Яке аз санадҳои тақдирсоз дар таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ин Фармони Президенти ҶТ аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» мебошад. Фармони мазкур таъмини иштироки фаъолонаи занонро дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва идоракунии давлат, баланд бардоштани мақоми иҷтимоии зан ва солим гардонии генофонди миллӣ ва баланд бардоштани нақши занро дар таҳкими пояҳои ахлоқию маънавӣ ва сулҳу ваҳдат муқаррар намуд”.
Салима Раҷабова илова намуд, ки “солимӣ ва хушҳолии оила бештар ба зан иртибот дорад. Муносибати модару падар ба падару модар барои фарзандон намунаи равшани муносибатҳои оилавӣ бо волидон аст. Дар оилаҳои хуб ба насли калонсол ҳамеша эҳтиром ва ғамхорӣ вуҷуд дорад. Ногуфта намонад, ки дар ҳамаи ҳолат зани тоҷик донишманду ботаҳаммулу хирадманд буд. Модари тоҷик тайи ҳазорсолаҳо забон ва фарҳанги миллии худро аз асорати бегонагон қаҳрамонона ҳифз намудааст”.
Баъдан, равонпизишк Маҳмудшоҳ Кабирӣ таҳти унвони “Хушҳолӣ заминаи асосии муваффақият” ва профессори кафедраи фанҳои ҳуқуқи давлатии Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, таҳлилгари миллӣ оид ба масъалаи хушунат дар оила Фаррух Хайруллоев дар мавзӯъи “Заминаҳои пойдории хушбахтӣ дар оила” суханонӣ карданд ва роҷеъ ба масъалаҳои арзишҳои оила дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, омилҳои хушбахтӣ дар оила, нақши занон дар бунёд ва рушди оилаи солим таваҷҷӯҳ намуданд.
Дар охир миёни ширкаткунандагон дар атрофи мавзӯъҳои мавриди баҳс табодули афкор сурат гирифт.
Фарзонаи МИРЗО