“Ҳикоёти Бешаи палангон” – дар Китобхонаи миллӣ муаррифӣ шуд

Бо ибтикори Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон рӯнамоии китоби тозанашри барандаи Ҷоизаи адабии ба номи устод Садриддин Айнӣ Маҷид Салим таҳти унвони “Бешаи Палангон”доир гардид.

Рунамоии китоби тозанашр аз намоиши филми мустанади “Бешаи палангон” бахшида ба 80 – солагии таъсисёбии мамнуъгоҳ шуруъ гардид.

Ин чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов оғоз намуда,   дар бораи муаллиф ва таълифот вай изҳори назар намуд. Муовини Директори Китобхонаи миллӣ афзуд, ки Маҷид Салим аз ҷумлаи адибонест, ки дар тасвири табиат ва олами ҳайвонот хеле муваффақ аст ва аз маъдуд нависандагони кишвар аст, ки бахши муҳими эҷодиёташро олами ҳайвонот ва наботот ташкил додааст.

Гадобек Маҳмудов илова кард, ки маҷид Салим дар тасвири ҳаёти ҳайвонот хеле муваффақ аст ва далели ин китоби охирини вай, ки ҳоло муаррифӣ мешавад.  

Рӯнамоии китоби “Бешаи палангон” бо ширкати ҷамъе аз адибон, шахсисятҳои маъруф, донишмандон, мунаққидон ва хонандагон гузашт. Аз ҷумла, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо, доктори илмҳои филологӣ, профессор Аламхон Кучаров, Сармуҳаррири радиои фарҳанги Кумитаи радио ва телевизиони Назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷонибеки Асрориён, адабиётшинос Ҷамолиддин Саидзода, муовини сардори Раёсати агентии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон Мадиброн Саидзода ширкат ва суханронӣ  намуданд.  

 Ёдовар мешавем, ки хонандагон бо ҳикоя ва қиссаҳои адиби табиатшинос, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садириддин Айнӣ Маҷид Салим хуб ошно ҳастанд. Китоби нави ӯ дар бораи олами набототу ҳайвоноти нодир ва табиати зебои нахустин мамнӯъгоҳи Тоҷикистон, мамнуъгоҳи табиии “Бешаи палангон” ҳикоят мекунад. Дар китоб ҳикояҳои ҷолиби адиб аз ҳаёти ҷонварон, парандагону хазандагон, ки хоси табиати диёранд, бо услуби дилкаш ва шево тасвир шудаанд.

МУАРРИФИИ МО:

Маҷид Салим 1 - октябри соли 1960 дар деҳаи Файзободи ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ дар хонадони омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1987 факултаи забон ва адабиёти тоҷикии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб, баъдан факултаи биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ба номи САДРИДДИН Айнии шаҳри Душанберо бо баҳои аъло хатм кардааст.

Маҷид Салим фаъолияти кориашро дар рӯзномаи ноҳиявии “Зафар”-и ноҳияи Москва оғоз намуда, дар нашрияҳои гуногун аз қабили рузномаи “Комунисти Ховалинг” ва рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ”-и собиқ вилояти Кӯлоб кор кардааст.

Маҷид Салим соли 1994 ходими илмии боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе буд. Соли 1998 ба ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат ” даъват шуда, дар вазифаи муовини сармуҳаррир фаъолият намудааст. Солҳои 2000-2002 юм мудири шуъбаи насри Иттифоқи нависандагон таъин мешавад. Аз соли 2003 вазифаи Раисии хазинаи адабиёти Иттифоқи нависандагонро ба ӯҳда дошта, ҳамзамон муаллиф ва барандаи доимии барномаи телевизионии “Инсон ва табиат” мебошад.

Муаллифи маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои “Гурги похӯрда” (1991), “Зоғеву доғе” (1994), “Панҷаи ҳасрат” (1997), “Ҳикояҳо дар бораи ҳайвонот” (1998), “Чӯҷаи кабк” (2000), “Уқоб ва лошахӯр” (2002), “Мурғи даштӣ” (2003), “Алибоҷ” (2008) мебошад.

Дар гирдоварию таҳияи китобҳои Мирзои Хокӣ, Тоҷи Усмон “Духтари ниқобдор” ва дигарон саҳм дорад.

Китобҳои Маҷид Салим «Человек идёт к зверю» ба русӣ ва «Чӯпон итининг ӯлими» ба ӯзбекӣ нашр шудаанд. Худи ӯ мутарҷими қиссаи «Муму»-и И.С. Тургенев ва «Каштанка»-и А.П. Чехов ба забони тоҷикӣ мебошад.

Барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнист. Барои силсилаи ҳикояву очеркҳояш дар мавзӯи табиату ҳайвонот сазовори Ҷоизаи ба номи Абулқосим Лоҳутӣ гардидааст.

Аълочии фарҳангу матбуоти Тоҷикистон, Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон. Бо Ифтихорномаи Ҳукумати ҷумҳурӣ мукофотонида шудааст.

Аз соли 1989 узви Иттифоқи журналистон, аз соли 1997 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Фарзонаи МИРЗО