Чорабинии тантанавӣ ба ифтихори Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нашр шуд 2018-11-23 22:17
Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад.
Миллати точик бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар муқадассоти миллӣ соҳиби Парчами миллӣ гардид, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон мебошад.
Имрӯз, 23 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба ифтихори Рузи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Парчамат бодо парфшон, Тоҷикстон» чорабинии тантанавӣ доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода чорабинии тантанавиро ифтитоҳ намуда, таваҷҷуҳи ҳозиринро дар бораи мақому манзалати Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намуда, нақши онро дар сулҳу Ваҳдати миллӣ, сарҷамъии миллати тоҷик ва пешрафту шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд. Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар баромади худ қайд намуд, ки «Давлатсозӣ ва давлатдории тоҷикон таърих ва суннати қадима дорад. Аҷдодони мо ҳанӯз аз замони қадим соҳиби парчам буданд ва дар адабиёти қадимаи миллат он бо номи дирафш ёд мешавад.
Миллати точик бо шарофияти истиқлолияти давлатӣ дар баробари дигар муқадассоти миллӣ соҳиби Парчами миллӣ гардид, ки он таҷассумгари гузаштаи шоён ва ояндаи дурахшон мебошад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рўзи 24 ноябрро ҳамчун «Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд».
Ҳамчунин, муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Гадобек Маҳмудов суханронӣ намуд ва қайд кард, ки «Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як давраи душвори таърихӣ моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардида, дар таъмини сулҳу субот ва расидан ба давраи бунёдкорию созандагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад”.
Инчунин дар чорабинӣ муовини директории Китобхонаи миллии Тоҷикистон Салима Раҷабова баромад намуда, иброз дошт, ки «Парчами давлатӣ рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри истиқлолият, бахту иқболи сафед ва рамзи саъйу кушиш баҳри сарсабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон мебошад».
Баъдан, Ибодат Ғаниева – сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ, Зумрадбӣ Эмомова – сардори шуъбаи абонементи байни китобхонаҳо, Муқаддас Тешаева – сардори шуъбаи такмили адабиёт, Маҳмадназар Ғафуров – сардори шуъбаи адабиёти хориҷӣ, Бибираъно Ҷураева – сардори шуъбаи нигоҳдории рисолаҳои илмӣ ва Абдуғайюр Саломов – мутахассиси пешбари шуъбаи маркетинг ва менеҷменти фаъолияти китобдорӣ дар атрофи Парчами миллӣ изҳори назар карданд.
Дар поёни нишаст Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон ҳамаи кормандони Китобхонаро ба рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуд.
Фаридун Азизов