Ҳайати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон аз Муассисаи фарҳангии ЭКО дидан кард

Гурӯҳи меҳмонони тоҷик, ки барои ширкат дар 29 - умин Намоишгоҳи байналхалқии китоби Теҳрон даъват шудаанд, аз қароргоҳи Муассисаи фарҳангии СҲИ (ЭКО) боздид намуданд.
Бино ба гуфтаи Шоҳмансури Шоҳмирзо, коршиноси мизи Тоҷикистон дар Муассисаи фарҳангии  ЭКО дар ибтидои ин нишаст Неъматулло Эмомзода - Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамзамон Раиси давраии Шӯрои намояндагони доимии Муассисаи фарҳангии ЭКО меҳмононро хушомадед гуфт ва дар бораи ҳамкориҳои Сафорат ва Муассиса гузориши мухтасар ироа намуд.
Сафири тоҷикистон дар Эрон Муассисаи фарҳангии ЭКО-ро макони муносиб ва муфид ҷиҳати анҷоми барномаҳои мусоиди фарҳангӣ донист, ки аз он бояд истифода намуд.
Неъматулло Эмомзода дар идома бар аҳамияти фаъолиятҳои адабию ҳунарӣ дар амри таҳкими пайвандҳои фарҳангӣ таъкид намуда гуфт: асар ва натиҷае, ки як барномаи фарҳангӣ дорад, бидуни муболиға соҳаҳои дигар камтар доранд ва чандин барномаи муштараке, ки бо Муассиса доштем гувоҳ бар ин буд, ки танҳо аз ин тариқ метавонем кишвар ва шахсиятҳоямонро бештар дар Эрон муаррифӣ намоем ва дар оянда ҳам дар ин амр талош хоҳем намуд.
  Дар идома, профессор Ифтихор Ҳусейн Ориф - Раиси Муассисаи фарҳангии ЭКО аз ҳамкориҳои муфиди Сафорат бо Муассиса сипосгузорӣ намуда, изҳори умедворӣ кард дар оянда барномаҳои муассиртар дошта бошанд.
  Сипас, Абдуғаффори Абдуҷаббор - сардори робитаҳои байналхалқии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таассуроти сафари ҳайати Тоҷикистон ба Теҳрон ва низ аз фаъолиятҳои Муассиса дар гузашта ва имрӯз сӯҳбат намуд.
  Манбаъ ҳамчунин хабар дод, ки дар ҳайати мазкур Гурез Сафаров – шоир ва Директори нашриёти давлатии "Адиб", Ортиқи Қодир - Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, профессор Бадриддин Мақсудов - устоди Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон,
  Баҳодур Раҳматов - муовини Раиси Энсиклопедияи миллии тоҷик, Абдуқодири Абдуқаҳҳор - Мудири Китобхонаи бачагонаи ба номи Абулқосими Лоҳутӣ, Мубашшири Акбарзод - мунаққид ва чанд нафари дигар шомили ин гурӯҳ мебошанд.
  Маврид ба ёдоварист, ки Намоишгоҳи байналмилалии китоби Теҳрон 4 май оғоз шуд ва 14 май ба кори худ поён хоҳад дод.

   

«Даъват ба Китоб ва Китобхонаи миллӣ»