Сӯҳбати гулҳо дар остонаи Рӯзи модар
Нашр шуд 2018-03-06 16:53
Рӯзи Модар ва базми гулҳо. Анъанаи дерин дар Китобхонаи миллӣ. Ҳамасола дар остонаи Рӯзи модар таҳти унвони “Дар сӯҳбати гулҳо” дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати ҷамъе аз суханварону ҳунармандон аз зумраи бонувон чорабинии фарҳангӣ баргузор мешавад.
Субҳи имрӯз бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон чорабинии фарҳангии идона ба ифтихори Рўзи модар зери унвони “Дар сӯҳбати гулҳо” доир гардид.
Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ, профессор Абдусалом Мирализода дар сухани муқаддамотии худ бонувонро ба муносибати Рӯзи модар муборакбод кард. Директори Китобхонаи миллӣ аз ҷумла гуфт: “Вуҷуди модар модар барои ҳар як шахс бахти бузургест, домони модар биҳишти воқеии ҳар як инсон аст. Аз ҳама шахси бахшоянда, дуогў, меҳрубон, мушфиқ, ғамхор, дўстдорандаи фарзанд танҳо модар аст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8-уми март ҳамчун рўзи модарон эълон гардидааст ва ҳамасола бо шукўҳу шаҳомати хос ҷашн гирифта мешавад”.
Баъдан, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулрухсор Алимова, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе Хайём Амонов суханронӣ карданд.
Қисмати дуюми чорабинӣ, ки бахши фарҳангӣ буд, дар васфи модар шеърҳо ва таронаҳо хонданд.
Донишҷўёни Литсейи касбии дӯзандагии шаҳри Душанбе либосҳои миллиро намоиш доданд, донишҷӯёни Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бошанд, ҳунарҳои мардумиро ба намоиш гузоштанд.
Шоираҳо Шаҳрияи Аҳтамзод ва Хиромон Неъматзода шеърҳои тозаэҷоди хешро дар васфи зану модар қироат намуданд. Ҳунармандон аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Филармонияи давлатии Тоҷикистон бо созу сурудҳои худ хотири ширкаткунандагонро шод карданд.
Дар охир аз ҷониби роҳбарияти Китобхонаи миллӣ ба бонувони ширкаткарда дар ин чорабинӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ супурда шуданд.
Фарзонаи МИРЗО
Расм аз Хусрави Милод