Китобҳои Сироҷиддин Қосим ба Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2020-08-06 13:32
Сироҷиддин Қосим – собиқадори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки як қаламкаши варзидаву шинохта ва муаллифи чандин китобҳои хонданист, ахиран ба Китобхонаи миллӣ чанд номгӯ аз асарҳои худро тақдим кард. Сироҷиддин Қосим факултаи ҳуқуқшиноси Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст. Аз соли 1981 то соли 2007 дар сохторҳои гуногуни Вазорати корҳои дохилӣ адои вазифа намудааст. Рутбаи полковники милитсия дорад.
Фаъолияти эчодиашро соли 1986 аз навиштани очерк, ҳикояҳо, ва маколахои тафтишотӣ шуруъ намудааст. Онҳо дар рўзномаву маҷалаҳо ба табъ расидаанд. Як қисми онҳо бо забони русӣ тарҷума ва чоп шудаанд. Соли 1987 чанд ҳикояи детективӣ ва соли 1998 «Адиб» китоби С. Қосим «Дар нимашаб»- ро чоп кардааст.
Соли 2006 нашриёти «Ирфон» китоби дуҷилдаи С. Қосим «Фаъолияти ВКД ҶТ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ», соли 2018 китобҳои «Килки тақдир» ва «Пораҳои зиндагӣ»-и вай чоп шудаанд. Ў муаллифи филми бадеии «Парвандаи №2614» ва «Афюн транзит ва марг» мебошад.
Сироҷиддин Қосим узви Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон (соли 1998) ва узви иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (соли 2003) мебошад.
Ҳоло китобҳои ӯ “Зиндонии ихтиёрӣ”, “Асрори сӯзу соз”, “Килки тақдир” ва ғайраро метавонед дар Китобхонаи миллӣ мутолиа намоед.