Зарфи як ҳафтаи охир 583 нафар хонандагони наврас ба толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ ҳузар пайдо карданд ва 2 ҳазору 143 китоб дархост намуданд. Аксари онҳое, ки ба ин толор меомаданд, китобҳо бадеӣ дархост мекарданд. Аз адибони классику ва муосир матлаб суроғ доштанд.
Ин дуюмин таътили сол аст, ки хонандагони наврас беш аз ҳар вақти дигар рӯзҳои худро бо китоб дар толори хониши кӯдакон ва наврасон мегузаронанд. Афзоиши завқи китобхонӣ миёни наврасон наметавонад бемушоҳида монад. Баъзе рӯзҳо толор пур аз хонада мешавад ва афроде ҳам барои худ ҷойи нишаст намеёбанд. Вале кормандони шуъбаи кӯдакон ва наврасон талош мекннад эҳтиёҷи хонандагони ҷавони худро бароварда созанд, то онҳое, ки ба умеди мутолиа омадаанд, холӣ берун нараванд.
Аксҳое, ки мебинед, зарфи ду рӯзи охир бардошта шудаанд ва гувоҳи пурхонанда шудани толори кӯдакон ва наврасон мебошад.
Замира Давлатова,
мутахассиси шуъбаи кӯдакон ва наврасон.
Суратгир Хусрави Милод