«Родмардони Ватан”: Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромўш намешавад

Дар чорабинии фарҳании “Родмардони Ватан”, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 6-уми май дар толори “Ошёни булбулон”-и Китобхонаи миллӣ баргузор шуд, бештар аз 30 нафар ҷанговарони интернатсионалист ва бартарафсозони оқибатҳои фоҷеаи Чернобил ширкат карданд. Ҳамчуноне аз номаш пайдост, чорабинӣ ба ифтихори 71-умин солгарди пирӯзӣ бар фашизм  доир шуд.
    Директори Китобхонаи миллӣ, профессор Сайфиддин Назарзода дар сухани ифтитоҳии худ меҳмононро хайрамақдам гуфт ва иброз дошт, ки ин як рӯзи фаромӯшношуданӣ барои ҳамаи миллатҳо ва халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравист. Ва ҳоло ин рамзи  пирӯзии сулҳ бар ҷанг, рушноӣ бар торикӣ ва хайр бар шар аст. Дар ин рӯз мо аз корномаҳои аҷдодони қаҳрамони хеш, ки бо матонату диловарӣ сарзаминамонро аз душмани ғаддор муҳофизат карданд ва ҳаёти осоиштаи имрӯзро фароҳам оварданд, бо некӣ ва арзи сипос ёд мекунем.
Сайфиддин Назарзода дар идомаи суханонаш гуфт, ки даҳсолаҳо аз он рӯзе сипарӣ шуд, ки навиди пирӯзӣ ва хатми ҷангро ба мардум расонд. Вале бо гузашти ин бештар аз 70 сол ҳам наслҳо он лаҳзаҳоро фаромӯш намекунанд. Шояд насли имрӯз он даҳшатро наметавонанд тасаввур кунанд, вале вазифаи мост, ки хотиррасон кунем.
Директори Китобхонаи миллӣ ёдрас шуд, ки Тоҷикистон боз як ҷанги хунинро аз сар гузаронида буд ва заковати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки оташи он ҷанг хомӯш ва ҷойи онро сулҳу суботу оромӣ фаро гирифт. Ин ҳамон оромист ва натиҷаи ҷонбозиҳои ин марди шариф аст, ки имрӯз Ватани мо дар оғӯши суботу ҳаддигарфаҳмӣ ба сар мебарад. 
Дар ин мулоқот  иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Меликбой Умаров хотироташро аз он рӯзҳои даҳшатнок нақл кард. Мавсуф тавре ҳикоят мекард, ки пеши назари ҳозирон он лаҳзаҳо мисли лентаи кино мегузаштанд.
Аксари нишастагон касоне буданд, ки он солҳоро аз китобҳо хондаву дар филмҳо дидаанд ва ҳоло аз нақли шоҳиди он рӯзгори даҳшатбор чӣ будани ҷанги Бузурги Ватаниро дарк карданд ва донистанд, ки дар он пирӯзӣ ҳиссаи Тоҷикистон ва фарзандони некномаш кам набуд.
Ибодулло Қосимов, муовини раиси Шурои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе дар мавзуъи «71- солагии иди Ғалаба» маърӯза намуд ва аз ҳиссаи тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёд кард.  Вай аз ҷумла гуфт, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 630 нафар иштирокчиёни ҶБВ ба қайд гирифта шудаанд.
Ибодулло Қосимов хабар дод, ки “моҳи майи соли равон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокчиёни ҶБВ ба андозаи 2000 сомонӣ, бо фармони Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев 1500 сомонӣ ва бо фармони раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе 500 сомонӣ кўмаки пулӣ расонида шудааст.
       Пас он, заҳматкашидаи ақибгоҳ дар даврони давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ Николай Матвеев дар мавзўи «Корнамоиҳои ақибгоҳ» бо ҳасрат қисса намуд.
      Дар охир кормандони Киттобхонаи миллӣ дар мавзуъи  Ҷанги Бузурги Ватанӣ шеърҳо хонданд.