Семинар –тренинги “Инсон ва фарҳанг” дар Китобхонаи миллӣ
Нашр шуд 2018-05-31 20:00
Бо ташаббуси шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхона миллӣ ва гӯшаи фарҳангии Арабистони Саудӣ семинар – тренинг дар мавзӯи “Нақши фарҳанг дар рушди фард” доир гардид.
Семинарро бо суханони муцаддимавь сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ибодат Ғанизода ҳусни оғоз бахшида, фарҳангро ҳастии миллат донист ва гуфт, ки он тарбия, омӯзиш, тараққиёти рафтор, тарзи пӯшидани либос ва ғайра мебошад. Ҳамзамон, Ғанизода Ибодат қайд намуд, ки “мо бояд фарҳанги либоспӯшии хешро, ки таърихи бой дорад, аз даст надода, аз пӯшидани либоси бегона, ки имрӯзҳо дар саросари кишвар маъмул гардидааст, худдорӣ намоем. Мутаассифона, имрӯз ҷавононеро мебинем, ки либоси мардуми кишвари бегонаро ба бар намудаву пайравӣ ба он давлату миллат мекунанд, ки ин аз байн рафтани фарҳанги либоспӯшии мардуми тоҷик мегардад”.
Баъдан, Директори маркази “Рушди имкониятҳои башарӣ” Аҳлиддини Садриддин дар мавзӯи “Нақши фарҳанг дар рушди фард” ба муддати 1 соат ба Кормандони Китобхонаи миллӣ семинар –тренинг доир намуд.
Дар охир миёни ҳозирин суолу ҷавоб сурат гирифт.
Хотиррасон мекунем, ки Маркази рушди имкониятҳои башарӣ 16-уми июни соли 2016 таъсис ёфта, фаъолияти хешро расман аз 1 –уми октябри соли 2016 ба роҳ мондааст. Мақсади асосии таъсиси маркази мазкур пеш аз ҳама омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони инглисию русӣ мебошад. Дар борбари ин, якчанд самти кориро ин марказ дар худ интихоб ва зина ба зина онҳоро дар амал татбиқ карда истодааст.
Фарзонаи МИРЗО