Диққат озмун: Китобхони беҳтарини сол кист?

Ба ин савол метавон моҳи сентябри соли равон посух дарёфт кард. Ин озмунест, ки ба ифтихори 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Китобхонаи миллӣ эълон кардааст. Озмун рӯзи 4-уми сентябр, ки Рӯзи ҷумҳуриявии китоб аст, ҷамъбаст мегардад ва ғолибонаш дар осонаи Рӯзи Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба туҳфаҳои хотиравии Китобхонаи миллӣ сарфароз гардонда мешаванд. Дар озмун се ҷойи ифтихорӣ таъин шудааст ва касоне шоистаи он хоҳанд буд, ки бештар аз дигарон дар Китобхона китоб хондаанд.