Китобҳои тозавуруд: “Чигуна китоб бихонем?”
Нашр шуд 2019-11-08 15:03
Дар китоб масоили марбут ба сатҳ, сабк ва равишҳои хондани китоб, ки ба хонанда барои ташаккул додани ҷаҳонбинӣ, такмили фасоҳати сухангўӣ, ғани кардани ҳофиза бо иттилооти тозаи таърихӣ ва ҳаводиси ҷомеаи кунунӣ тавсия дода мешавад, мавриди омўзиш ва тахлил қарор гирифтааст.
Таваҷҷуҳ асосӣ ба таҳқиқи сатҳхои хондан: ибтидоӣ, иҷмолӣ, тахлилӣ ва талфиқӣ дода, хусусиятҳои фарқкунанда ва муассири онҳоро барои расидан ба ҳадафҳои пешгузоштаи хонанда, баррасӣ менамояд.
Китоби мазкур барои донистан, фарқ кардан ва дар ҳолатхои гуногун истифода бурдани талаботи сатҳҳои хондан чиҳати фаҳмидани мазмуну моҳият, басту банд, соҳа, ҳадафҳои нависандаи китоб, такмил додани дониш барои кулли хонандагон ва завқмандон муфид хохад буд.
Мутолиаи китоби мазкур барои тамоми хонандагони закитабъ новобаста аз соҳаи фаъолият зарур аст.
Китоб – махзани дониш, ганҷинаи маърифат, доруи таскинбахши мағз ва хондани он навъе гуфтугў ва робита бо муалифи ўст. Бинобар ин, новобаста аз марҳалаи таърихӣ, синну сол, касбият хондани китоб муфид аст. Аммо мисли дигар корҳо, ки тартиб ва талаботи иҷрои худро доранд хондани китоб низ равиш, сабк ва сатҳҳои худро дорад, ки зимни мутолиаи он риояи онҳо ҳатмӣ мебошанд.
Ин талаботи зарури ҷиҳати хондани китоб дар асари арзишманди Мортимер Адлер ва Чарлз Ван Дорен таҳти унвони «Чӣ гуна китоб бихонем ?», ки аз тарафи мутарҷими эронӣ Муҳаммад Саррофи Техронӣ аз забони англисӣ ба забони форсӣ тарҷума шудааст, ба таври муфассал таҳқиқ ва таҳлил карда шудааст.
Моҳира Муродова