Зарфи шаш рӯзи аввали таътили зимистона 743 нафар хонандагони наврас вориди толори хониши кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллӣ шудаанд, ки аз ин ҳисоб 112 нафари онҳо касоне мебошанд, ки бори аввал ба китобхона омадаанд. Ин саду дувоздаҳ нафар аъзои нави китобхона аз ҳисоби наврасону кӯдакон мебошад.
Ҳар рӯз ба ҳисоби миёна то 120 нафар хонандагон вориди толори хониши кӯдакону наврасон мешаванд.