Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ: ГУЛДӮЗӢ

Баёни сӯзангарони ҳунарманд номгузории мушаххаси нақшҳои гулдӯзӣ ташаккул ёфтаанд, маъмултарини онҳо-офтобак, давригул, аштақ, аноргул, каҷак, себарга, барги бед, ислимӣ, лола, тоҷи хурус, райҳон, булбул, аждаҳо, товус, ҳилол, оташ, нохуни паланг, гулбаст, моҳу ситора, бодом, гулгулак, қаламфур, гандумак ва ҳоказоянд. Истифодаи аксарияти ин нақшҳо универсалӣ бошад ҳам, баъзеи онҳо истифодаи мушаххасро металабанд. Масалан, ҷо додани нақши каждумак танҳо дар ҷӯроб имконпазир аст. Онро ҳеҷ гоҳ дар курта ва ё рӯмолу тоқӣ намедӯзанд.

Гулдӯзӣ – аз тоҷикӣ ба маънои “гул дӯхтан”- санъати сӯзангарии бадеии суннатии точик, ки дорои услуби хоса, фазои тасвирии мушаххас, моҳияти ҷомеавӣ ва суннатҳои қавии бисёрасра мебошад.

Дар байни тоҷикон гулдӯзӣ яке аз маъмултарин шакли сӯзангарии бадеӣ маҳсуб мешавад. Сарчашмаи он аз «гулнақш»- ҳои нахустасвирҳои рӯисангиву нахустлибосҳо аз пӯсти ҳайвонот ибтидо мегирад. Тадриҷан гулдӯзӣ нақшҳои гуногуни падидаҳои дигари табиат, ҷаҳони наботот ва ҳайвонот, шаклҳои геометриро дар бар гирифта, ташаккул меёбад. Мавқеъи муҳимро дар гулдӯзӣ аз аввал шаклҳои гуногуни свастика ишғол мекунанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки ташаккули ҳунари гулдӯзӣ ба давраҳои қадимтарини таърихи тоҷикон ба фарҳанги ориёӣ мансуб аст.

Гарчанде афзалияти гулнақш ва нақшҳои падидаҳои дигари табиат бо давраҳои ҳукмронии тафаккури пантеистӣ алоқаманд бошад ҳам, вале чи тавре, ки роҳи таърихии гулдӯзӣ нишон медиҳад, тоҷикон табиатро  ҳамеша мепарастиданд. Эҳтимолан ин боз ҳам далели он аст, ки моҳияти табиат дар ҳаёти ин халқи қадими муқимӣ, ки аз ибтидо машғули зироаткорӣ буд, дар ҳама замон  хеле бузург боқӣ мемонад.

Бо мурури замон гулдӯзӣ ҳамаи шаклҳои амали ороиширо фаро мегирад. Ин аст, ки тасвири нақшҳои гулдӯзиро дар зарфу маснуоти дигари сафолӣ, ҷавоҳирот, минётураи локӣ, хулоса, нақшҳои зиёди гуногунжанр, деворнигораҳо, минётури китобӣ ва ҳоказо вомехӯрем.

Ҳар як давраи таърихӣ ба гулдӯзӣ диди худро ворид месохт, онро мукаммал мегардонид. Аввал ҳунари гулдӯзиро бо олоти сангин, устухон, биринҷӣ, оҳанӣ пеш мебурданд ва дертар онҳо бо дирафшу сӯзанҳои  фӯлодини мукаммалшакл иваз гардидаад. Ба ҳайси маводи ресмон дар давраҳои гуногуни таърихӣ пашм, пахта, абрешим, сонияи зару нуқра низ, ки омили пайдоиши ҳунари зардузӣ гардидаанд, истифода шудаанд.

Дар давраҳои мушаххас дар ҳунари гулдузӣ сангҳои қимматбаҳо ва нимқимматнок, реза мӯҳра, сикаву тину танга ва ҳоказо дар истифода буданд. Вале бо вуҷуди ин, гулдӯзӣ ҳамеша амали дастӣ буд. Танҳо дар қарнҳои 19-и аввали 20 мошини сузангарӣ ихтироъ мешавад. Мошин гарчанде услуби гулдӯзиро он қадар дигар нагардонда  бошад хам, аз амали дастӣ комилан фарқ мекунад. Сӯзангарии мошинӣ дар баробари идома додани суннатҳои асосии гулдӯзи, шакли нави худро пайдо намуд, ки зери унвони попур «попурзанӣ» маълум аст.

Бо гулдӯзӣ либос (тоқӣ/туппӣ/кулоҳ, куртаҳои занона, мардона, бачагона, ҷуроб ва ҳоказо), чизҳои хоҷагиву рӯзгор (қолинчаҳову тагсарӣ, рӯпӯшҳо, гулдӯзиҳои девори, сачоқ, дастархон, остинчаи нонпазӣ, чойникпушӣ, дегқапак ва ҳоказо)  оро дода мешаванд. Хулоса, бо гулдӯзӣ он чизе, ки дар тани аҳли хонавода ва барои ороиши хонаи истиқоматӣ аст, оро дода мешуд. Чунки бо гулдӯзӣ орзуву умедҳои дил ифода мегашт.

Мақоми гулдӯзӣ дар кулоҳ-туппӣ, дар кӯҳистонтон-тоқӣ хеле мӯҳим аст. Ҳар як навъи тӯппӣ бо ороиши худ, нақш, шакл (гирд ё чоркунча), ранг (сиёҳу сафед  ранга), мансубият (мардона, занона, бачагона), аз лиҳози манотиқи ҷуғрофӣ фарқ мекунад. Дар гулдӯзӣ мавқеи шероз (ё ҷиҳак)-навъи ороишие, ки аввал бофтану нақшкорӣ шуд, баъд ҳамчун яке аз унсурҳои асосии суннатӣ ба ҷелаку ҷома, куртаву дигар шаклҳои либос, рӯпӯшҳо, тагсарӣ ва дигар ашёҳои рӯзгор дӯхта мешавад, хеле хоса аст. Шероз (ё ҷиҳак) гарчанде танҳо як унсури либосу ашё буда, хусусияти ороиширо доро аст, ҷо доштани он дар либосу ашёҳои хоҷагидориву рӯзгордорӣ ҳамон чизро аз ҷиҳати функсия ва композитсия пурратар ва мукаммал мегардонад.

Мақоми гудӯзӣ дар рӯпӯшҳои девории тоҷикӣ-сӯзанӣ (ё даврӣ) хоса аст. Ин чиз яке аз маъмултарин шакли зуҳуроти гулдӯзӣ аст. Аз қадимулйём он ашёи ҳатмии ороиши дохилии хона маҳсуб мешуд. Имрӯз аз рӯи расму оин ҷо доштани сӯзанӣ/даврӣ дар хонаҳои арӯсӣ хатмист. Гарчанде сӯзанӣ ва даврӣ дар рӯзгордорӣ функсияи якхеларо иҷро мекунанд, вале ҳар яки он ороиши гуногун дорад ҳар кадом нақшҳои таҳҷоии хешро парастиш мекунад: сӯзани-услуби тоҷикони водинишин, даврӣ-куҳистонӣ. Бидуни шубҳа нақшҳои якхела низ ҷо доранд, вале дар композитсия ба тавру ранги худ оро дода мешаванд. Ҳаҷман сӯзанӣ ва даврӣ низ гуногун (2x3; 3x4; 4x5; ва ҳоказо) буда метавонанд.

Баёни сӯзангарони ҳунарманд номгузории мушаххаси нақшҳои гулдӯзӣ ташаккул ёфтаанд, маъмултарини онҳо-офтобак, давригул, аштақ, аноргул, каҷак, себарга, барги бед, ислимӣ, лола, тоҷи хурус, райҳон, булбул, аждаҳо, товус, ҳилол, оташ, нохуни паланг, гулбаст, моҳу ситора, бодом, гулгулак, қаламфур, гандумак ва ҳоказоянд. Истифодаи аксарияти ин нақшҳо универсалӣ бошад ҳам, баъзеи онҳо истифодаи мушаххасро металабанд. Масалан, ҷо додани нақши каждумак танҳо дар ҷӯроб имконпазир аст. Онро ҳеҷ гоҳ дар курта ва ё рӯмолу тоқӣ намедӯзанд.

Гулдӯзӣ аз рӯи маҳал низ зуҳуроти хоса пайдо кардааст. Масалан, дар куртаҳои занонаи Кӯлоб, Дарвоз, Рашт, Ишкошим фарқият баръало дида мешавад. Куртаи занонаи гулдӯзии кӯлобӣ бо номи махсус-чакан машҳур гардидааст. Чакан ҳамчун падидаи гулдӯзӣ роҳи дарози таърихиро тай намудааст ва айни ҳол ҳам тоҷикон аз он ифтихорманданд. Тоҷикзани муосир низ куртаи чаканро талабгор аст. Ин курта хеле серранг буда, шакли васеъ дорад. Бидуни ягон шак чунин шакл ва серрангӣ тибқи боду ҳавои гарми кишвари тоҷикон, табиати зебову дилрабои он ва урфу одату фарҳанги суннатии зани тоҷик ташаккул ёфтааст.

Аз китоби “Санъати суннатии гулдӯзӣ”, Душанбе соли 2012

Таҳияи Сайёра Каримова,
мутахассиси пешбари шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабинихои фарҳангӣ.