Маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо Бароталӣ Абдураҳмон
Нашр шуд 2018-01-19 11:48
Адиби маъруф Бароталӣ Абдураҳмон дар поёни як маҳфили диданиву шуниданӣ як нусха маҷаллаи “Современник”, ки соли 1900 ба табъ расидааст ва як китоби адабиёти асрҳои 19- ро ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Баъд аз зуҳри дирӯз, 18-уми январ бо ташаббуси шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шабакаи телевизионии “Сафина” маҳфили “Дар сӯҳбати адиб” бо иштироки нависанда, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Бароталӣ Абдураҳмон доир гардид.
Бароталӣ Абдураҳмон зимни суханронӣ аз рӯзгори бачагии худ ёд кард, аз навиштаҳои аввалинаш ва устодону хонандагони нахустинаш ҳарф зад. Вай гуфт, ки китоб муқаддастарин муъҷизаи Илоҳӣ аст. Гуфт, аз замоне, ки хату савод баровард, ҳаёташ бо китоб пайваст шуд. Иброз дошт, ки ҳамеша дари китобхонаҳо мекӯфт, мутолиа мекард. Хоҳ дар шаҳр буд, хоҳ дар русто, китоб ҳамсафару ҳамроҳ ва ҳамсуҳбати ҳамешагии ӯ буд.
Нависандаи маъруф иброз дошт, ки вақте бинои нави Китобхона сохтаву ифтитоҳ мешуд, ҳудуди 3 ҳазор китобҳои шахсиашро ба Китобхона тақдим намуд.
Суҳбат бо адиби хушбаён хеле пурмуҳтавову шавқовар гузашт. Ҳозирин баъди суханони муқаддамотии адиб дар атрофи асарҳояш баҳс карданд ва ба саволҳои худ посух гирифтанд.
Дар поёни маҳфили хотирмон адиби маъруф як нусха маҷаллаи Современник, -ро ки соли 1900 ба табъ расидааст ва як китоби адабиётшиноси рус Ф.Фортунатов, соли 1957 нашр гардидааст, ба Китобхонаи миллӣ тақдим намуд.
Дар маҳфили Бароталӣ Абдураҳмон адибони шинохтаи кишвар, Нависандагони халқии Тоҷикистон Кароматуллоҳи Мирзо ва Абдулҳамиди Самад иштирок ва роҷеъ ба эҷодиёни адиб суханрониҳо карданд.
МУАРРИФИИ МО:
Бароталӣ Абдураҳмонов 15-уми сентябри соли 1947 дар деҳаи Чашмаи Ҷӯшони ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Нависанда, драмматург ва сенариянависи тоҷик, хатмкардаи омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон мебошад.
Ассистенти кафедраи нутқи саҳнавӣ, маҳорати актёрии институти давлатии санъати Тоҷикистон (1971- 1972), сармуҳаррири барномаҳои адабӣ ва драмаи ТВТ (1972- 1974), муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи санъати ЭСТ (1974-1988), ҷонишини сармуҳаррири маҷаллаи “Илм ва ҳаёт” (1988- 1995), мушовири калон, мудири маркази таҳлил ва ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (1996- 2011), мудири редаксияи бачагон ва наврасони ЭМТ (2012) буд.
Муаллифи ҳикояву қисса ва романҳои дар мавзуҳои мухталиф мебошад. “Куруши Кабир” (2006), “Камбуҷия” ва “Дорои Бузург” (2013), “Нимароҳи аъроф”, кинороманҳои “Искандари Макдунӣ” ва “Спетамен” (2005), “Рухшона” (2006), китобҳои “Шабҳои маҳтобӣ” (1986), “Давлати сарам, модар” (1989), “Розҳои шабҳангом” (1990), “Дунёи сабзи ишқ” (2002), “Биҳишти фиребо” аз ҷумлаи асарҳои адибанд.
Ҳамчунин, сенарияи се филми ҳунарӣ “Тифли домони туям, модар” (1999), “Мӯъҷизаҳои ҳаштуми олам” (2001), “Васвасаҳои хунафшон”, ки солҳои 2003 – 2006 навишта шудаанд, ба қалами ӯ мутааллиқанд.
Бароталӣ Абдураҳмон дар тарҷума низ дасти расон дорад. Чандин ҳикояҳои Антон Чехов (1989), романи “Бақои абадият” –и Нодар Думбадзе “1986”, қиссаи “Турнаҳои бармаҳал” –и Чингиз Айтматов (1988), повести “Асрори шаҳраки махфӣ”- и Александр Беляев (1990)-ро тарҷума кардааст. Чанде аз асарҳояш ба забонҳои украинӣ, русӣ, булғорӣ ва узбекӣ тарчума шудаанд.
Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи устод Абуабдуллоҳи Рудакӣ (соли 2008) ва Ҷоизаи адабии Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ (соли 2004) мебошад.
Корманди шоистаи Тоҷикистон (2010) аст. Бо ордени “Шараф” (дараҷаи 2) медали “Хизмати шоиста”(2000), нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2013) ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст. Аз соли 1989 узви Иттифоқи Нависандагони Тоҷикистон аст.
Фарзонаи МИРЗО
Суратгир: Хусрави Милод