Ҳамоиши интернатсионалистӣ бахшида ба Соли ҷавонон дар Китобхонаи миллӣ

Чорабиние, ки таҳти унвони “Нақши интернатсионализм дар руҳияи ҷавонон” баъд аз зуҳри имрӯз дар Китобхонаи милли баргузор шуд, ба Соли ҷавонон бахшида шуд.
Чорабинӣ аз ҷониби Ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон, Иттиҳодияи интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон ва Шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангии Китобхонаи миллӣ созмон ёфт.
Салима Раҷабова, муовини Директори Китобонаи миллӣ дар сухани ифтитоҳии худ ба нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа ва Соли ҷавонон эълон шудани соли 2017 ишора кард ва гуфт, ки ҷавонон неруи азиме ҳастанд, ки бе назар доштани саҳму нақши онҳо дар ҷомеа наметавон ба рушди кишвар даст ёфт.
Салима Раҷабова як омили дигари рушди ҷомеаро дар дӯстиву рафоқат унвон кард ва гуфт, ки дар Тоҷикистон ҳамаи халқу миллатҳо тибқи Конститутсия аз ҳақу ҳуқуқҳои баробар бархӯрдоранд ва барои равнақи фарҳангу забонашон монеъае вуҷуд надорад.
Раиси ҷамъияти осетинҳои Тоҷикистон Зарифа Гусасова дар тасдиқи суханони Салима Раҷабова гуфт, ки ҷамъияти онҳо ҳеч монеъаеро барои фаъолият намебинад ва он тибқи қонунҳои кишвар фаъолона амал мекунад. Зарифа Гусасова дар мавзуъи “Рӯзи забони осетинӣ, китоби Х.Коста “Васиятнома” суханронӣ кард.
Дар ҳамоиш ҳамчунин Қаҳрамон Камолов дар мавзуъи “Интернатсионализм ва нақши он дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ” маърӯза кард. Мавсуф таъкид намуд, ки маҳз ҳамин иттиҳоди миллатҳо ва зери як ливо ҷангидани ақвому миллатҳои мухталиф буд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷанг пирӯз шуд.
Дар нишаст Раиси  Иттиҳоди интернатсионалистони собиқадори Тоҷикистон Шавкат Мирзоев, намояндаи тоторҳои Тоҷикистон Т.Мирҳайдарова, намояндаи халқи қазоқ дар кишвар М.Шарипова ширкат ва суханронӣ намуданд.
Барои иштирокдорон видеосужаи “Интернатсионализм ва ҷавонони имрӯза” намоиш дода шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли ҷавонон эълон шудааст.
Бахшида ба ин сол Китобхонаи миллӣ баргузории як силсила чорабиниҳоро тарҳрезӣ кардааст, ки чорабинии имрӯза яке аз он буд.