Намоиши китоб ба ифтихори Рӯзи китоб
Нашр шуд 2018-09-04 12:26
Дар доираи чорабиниҳои Рӯзи китоб дар Китобхонаи миллӣ силсилаи намоишҳои китоб баргузор шуд. Хонандагон имкон доранд бо китобҳои тозанашри ноширони кишвар ва хориҷ аз он ошно шаванд.
Ҳамчунин як силсила китобҳои мавзуъӣ низ ба намоиш гузошта шуданд. Аз ҷумла, намоиши китоб бо номҳои «Китоб – сарчашмаи дониш», «Китобҳои нодири КМТ», «Китобҳои бачагона», «Китобҳои тозанашр», «Қомус ва луғатҳо», «Адабиёти техникӣ», «Адабиёти тиббӣ», «Адабиёти ҷаҳон», «Дирўз ва имрўзи матбуоти тоҷик», Осори чопии Китобхонаи миллии Тоҷикистон, «Китоб – манбаи дониш», «Дастхату китобҳои нодир», «Таҷасссуми истиқлолият дар осори хаттӣ», «Сарқонун – бахтномаи миллати мо» ва «Китобҳои тозанашр” ин силсиларо оро додаанд.
Ҳамзамон суратҳои зиёд роҷеъ ба лаҳзаҳои мондагори мутоилаи китоб дар овезаҳо байни рафҳо ҷо дода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллӣ чорабиниҳо ба ифтихори Рўзи китоб бо ширкати ҷамъе аз донишмандон, адибон, ҳунармандон оғоз шуданд. Саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ва зинаҳои ошёнаи дуюми даромадгоҳи асосӣ ба таври идона бо баннерҳо, намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони КМТ, гулҳо, расмҳо ва панду андарзҳо дар васфи китобу китобхонӣ оро дода шудаанд. Дар зинаҳо, аз ду тараф сузаниҳо ва гулҳо гузошта шудаанд. Гулдухтарони Китобхонаи миллӣ бо либоси зебову шинами миллӣ аз ду тараф меҳмононро пазироӣ менамоянд. Ҳамзамон, баннерҳои «Иди китоб» ва «Рўзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иқтибос аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷойи мувофиқ насб ва намоиши ҳунарҳои эҷодии бонувони КМТ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
Директори Китобхонаи миллӣ профессор Абдусалом Мирализода гуфт, ки дар Рӯзи китоб метавон оид ба фазилатҳои китобу китобхонӣ зиёд ҳарф зад. Вале сухан аз китоб набояд якрӯзиву дурӯзӣ бошад. Абдусалом Мирализода, ки чанд дақиқа пештар дар ҳамоише оид ба Рӯзи китоб дар ҳузури ҷамъе аз донишмандон, ҳунармандон ва хонандагон сухан мегуфт, иброз дошт, ки миллати мо аз қадим ба китоб иртиботи ногусастанӣ дошт ва имрӯз мо шоҳиди онем, ки он суннати қадима лдубора эҳё мешавад.
Профессор Мирализода барои исботи суханонаш омори афзоиши теъдоди хонандагони Китобхонаи миллиро овард ва гуфт, ки ҳамин афзоиши пайваста гувоҳи он аст, ки миллат дубора ба китоб руҷӯъ мекунад. Вай боз изҳор дошт, ки ҳатто дар таътили имсолаи тобистона толорҳои хониш камодам набуданд. Бахусус толори хониши кӯдакон пурхонандатарин толор буд ва ин гувоҳи он аст, ки мо тадриҷан ба атфоли худ бо китоб буданро меомӯзем.