Ба истиқболи Наврӯз: Боз як рӯзи ободонӣ дар Китобхонаи миллӣ

Омодагӣ ба вуруди баҳор ва вуруди Наврӯз. Ҳар субҳ кормандони Китобхонаи миллӣ ба хотири истиқболи хуш аз баҳор ва Наврӯз даст ба ободонии муҳити атроф мезананд. Ва ин субҳ ҳам кор дар ин боргоҳи маърифат аз ҳамин шуруъ гардид.
Гуруҳе дар даст белу каланд вориди заминҳои атроф шуданд ва ба побели баҳорӣ оғоз карданд.
Умуман баҳор бо сабзаву гулаш зебост, бо таровати гулҳои рангоранг ва бӯйи хуши сабзаҳои навруста зебост. Атрофи Китобхонаи миллӣ низ саҳнаи сабзкориҳост, ки баъди чанде аз анҷоми побел дар ин заминҳо сабза мерӯяд ва гулҳо мешукуфанд, дарахтон муғҷа мебанданд, барг мекушоянд ва боровар мешаванд.
Аз дирӯз бо супориши Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди бинои Китобхонаи миллӣ низ дарахтони нав шинонда шуданд ва кори ниҳолшинонӣ дар ин ҷода ҳамоно дар авҷ аст.